СУҒД: то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ теъдоди оилаи занбӯри асал ба 100 ҳазор мерасад

Август 27, 2018 15:52

ХУҶАНД, 27.08.2018. /АМИТ«Ховар»/. Яке аз соҳаҳое, ки солҳои соҳибистиқлолии кишвар марҳила ба марҳида рӯ ба рушд ниҳодааст, ин соҳаи занбӯрпарварӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби Ҳукумати кишвар баҳри пешбурди ин соҳа барномаи махсус қабул гардида, барои фаъолияти занбӯрпарварон тамоми имконот фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, имрӯзҳо дар вилояти Суғд Ассотсиатсияи занбӯри асалпарварон  таъсис дода шуда, зиёда аз 180 нафар занбӯрпарваронро муттаҳид месозад.

Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Ассотсиатсияи мазкур иттилоъ доданд, ба ҳолати 1 январи соли 2018 дар вилояти Суғд 52,3 ҳазор оилаи занбӯри асал мавҷуд буда, давоми сол аз ҳар оила ба ҳисоби миёна то ба 26 кг асал истеҳсол карда мешавад. Дар умум давоми соли 2017 дар вилоят 1360 тонна асал истеҳсол гардидааст.

Ҳамзамон баҳри ҳарчи бештари рушди соҳа, зиёд намудани шумораи оилаи занбӯр ва афзун намудани ҳаҷми содиротии ин маҳсулоти шифобахш занбӯрпарварони Суғд азм гирифтанд, ки дар давоми се соли оянда шумораи оилаи занбӯри асалро аз 52 ҳазори кунунӣ то ба 100 ҳазор расонанд.

Дар мулоқоте, ки дирӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо кормандони соҳаи занбӯри асалпарварӣ доир гардид, раиси вилояти Суғд Раҷабой Аҳмадзода таъкид намуд, ки таҳлили воқеии ҳолати кунунӣ, беҳсозии сифати банду басти асали содиротӣ ба кишварҳои хориҷи дуру наздик, инчунин ҷалби занбӯрпарварон ба бизнес-форум,  ярмарка – намоишгоҳҳо ва таъсиси мағозаи фурӯши лавозимоти занбӯрпарварӣ метавонад боиси рушди дучанди ин соҳа гардад.

Ҳамчунин пешниҳоди занбӯрпарварони вилоят ҷиҳати рушди бештари соҳа, афзуннамоии оилаи занбӯр ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли асал доир ба таъсис додани хоҷагии зоотпарварии занбӯр ва харидорӣ намудани дастгоҳи раскристализатор, яъне тозакунандаи асал муҳим арзёбӣ гардид.

 

Август 27, 2018 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад