«СУҒДИЁН»-и ӮЗБЕКИСТОН ДАР БАДАХШОНИ ТОҶИКИСТОН. Ҳунармандони кишвари дӯсту ҳамсоя қалби садҳо нафар тамошобинонро тасхир карданд
ХОРУҒ, 03.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи ҳунарии «Суғдиён» аз кишвари ба мо дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон ҳамроҳ бо гурӯҳи рақсии ТРИО дар Фестивали байналмилалии мусиқии «Боми ҷаҳон» бо рақсу таронаҳои зебои худ дили садҳо нафар аз тамошобинонро тасхир кард. Дар ин бора мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» дар ВМКБ Файзи МИРҲАСАН хабар медиҳад.
Дар Фестивал 180 нафар ҳунармандон аз давлати Америка, Афғонистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми се рӯз барои ҳазорон нафар ширкаткунандагони он то бевақтии шаб базми рақсу таронаҳои мардумӣ, фолклорию эстрадӣ баргузор намуданд.
Ин Фестивал соли ҳаштум аст, ки дар шаҳри Хоруғ доир мегардад, аммо ҳунармандони гурӯҳи «Суғдиён» бори аввал дар он ширкат меварзанд. Аз ин рӯ ҳангоми ба саҳна баромадан тамошобинон аз ҷой хеста онҳоро бо кафкубӣ ва шӯру валвала истиқбол гирифтанд. Дар ҳавои таронаҳояшон рақс мекарданд.
Яке аз ҳунармандони ин гурӯҳ Бекзод Тӯраев гуфт, ки «воқеан истиқболи гарми тамошобинон моро ба ваҷд овард. Ҳақиқатан миллати тоҷик бисёр фарҳангдӯсту фарҳангпарвар будааст. Ман дар бораи зебогии Помир ба василаи аксу тасвирҳои видеоӣ қаблан шинос будам ва имрӯз бо чашми худ ин минтақаи афсонавиро тамошо мекунаму аз дидани манзараҳои ҷолиб ва суҳбатҳо бо мардуми меҳрубону меҳмоннавози он ҳаловат мебарам. Чизи дигари ҷолиб ин буд, ки ҳунармандони тоҷик сурудҳои узбекӣ ва ҳунармандони ӯзбек таронаҳои тоҷикӣ мехонданд, ки ин хеле хушоянд буд ва фикр мекунам, ки моро ба ҳам боз ҳам наздиктар кард».
Фестивал бо кумаки Дафтари ҳамкории Швейтсария ва Ширкати мобилии ТCELL роҳандозӣ шуда, ҳадафи он рушду ҳамкорӣ байни фарҳангҳои мухталиф ва ҳифзу нигоҳдории фарҳанги қадимаи халқҳои ҷаҳон мебошад.










Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






