Тасдиқи рамзи ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Август 28, 2018 19:34

ДУШАНБЕ, 28.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни 27 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Академияи мусаввирии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, тасдиқ карда шуд.

Ангораи мазкур ба таври васеъ метавонад ҳамчун рамзи 27 — солагии Истиқлолияти давлатӣ истифода гардад.

Барои корбарӣ ва мавриди истифода қарор додан ба вазорату кумитаҳо, идораҳо, ширкату иттиҳодияҳо, корхонаҳо, бонкҳои саҳомӣ, рӯзномаҳои расмӣ, ташкилоту муассисаҳо, ҷамъиятҳо, иттифоқҳо, мактабҳои олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе пешниҳод мегардад.

Рамзи ҷашни 27 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (CorelDRAW X4)
Рамзи ҷашни 27 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (CorelDRAW X8)
Рамзи ҷашни 27 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (JPEG)

 

Август 28, 2018 19:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд