То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Турсунзода 40 иншоот сохта мешавад
ТУРСУНЗОДА, 01.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Турсунзода сохтмони 40 иншооти аҳамияти ҷамъиятиву ҷумҳуриявӣ дошта ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин 10 ададаш дар арафаи ҷашни 27 –солагии Истиқлолият мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода иброз намуд.
Ба маълумоти номбурда, дар нимсолаи якуми соли 2018 дар ҳудуди шаҳри Турсунзода ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба 252 миллиону 234 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 1,2 миллион сомонӣ маҳсулот зиёд истеҳсол намудаанд.
Зикр гардид, ки ҷиҳати дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорони хурду миёнаи шаҳр дар ин давра аз тарафи филиалҳои бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳии хурд ба 10 884 нафар ба маблағи 85 миллиону 721,4 ҳазор сомонӣ қарзҳои хурд ҷудо шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 21 миллиону 353 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ






