Тоҷикистон дар Фестивали театрҳои касбӣ дар Бишкек асари Чингиз Айтматовро намоиш медиҳад
ДУШАНБЕ, 23.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи октябри соли 2018 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Фестивали театрҳои касбӣ баргузор мегардад, ки дар он ҳайати эҷодии Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо намоиши «Қиёмат» иштирок хоҳанд кард. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, Фестивали мазкур ба 90-солагии нависандаи машҳури қирғиз Чингиз Айтматов бахшида шудааст. Ба ҳамин хотир ҳунармандони Театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов намоиши «Қиёмат»-ро аз рӯи асари ин нависандаи барҷаста таҳия намуда истодаанд.
Коргардони намоишнома Парвиз Раҷабов буда, дар он Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев, Меҳринисо Ҳоҷибоева, Ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон Муҳаммад Шомиддинов, Қурбонмуҳаммад Шукуров ва чанде аз ҳунармадони ҷавони театр нақшофарӣ мекунанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






