«Тоҷикстандарт»: сифат ва рақобатпазирии либосҳои мактабӣ таъмин мегардад

Август 25, 2018 10:40

ДУШАНБЕ, 25.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Агентии «Тоҷикстандарт» барои муқаррар намудани талаботи меъёрҳо аз ҷумла,  сифати либосҳои мактабӣ, истифодаи матоъҳо ва  дӯхт  стандарти нав — СТ ҶТ 1110-2017 «Либосҳои мактабӣ. Шартҳои техникӣ» -ро қабул  намудааст, ки он мавриди амал  қарор дорад. Ин тадбир бо мақсади рушди соҳибкорӣ,  таъмини рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ва дар ин замина мусоидат ба воридотивазкунии  он дар бозори истеъмолии мамлакат андешида шудааст.

Назар ба иттилои сардори Раёсати ба меъёрдарории техникӣ ва стандартонии Агентии «Тоҷикстандарт» Сӯҳроб Ашӯрзода, бо  мақсади шинос намудан ба талаботи стандарти мазкур  бо масъулини корхонаҳои дӯзандагии шаҳрҳои Душанбе, Бохтар,  Леваканд, вилояти Суғд ва навоҳии тобеи марказ корҳои фаҳмондадиҳӣ,  вохӯрию омӯзишҳо гузаронида шуда,  тамоми корхонаҳо бо нусхаи стандарти мазкур таъмин гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки алҳол дар ҷумҳурӣ корхона ва коргоҳҳои махсусгардонидашуда, назири корхонаҳои  дӯзандагии «ИИ Нассоҷии тоҷик» ва «Ёқут-2000» /Душанбе/, «Олимхони Хуҷандӣ», «Наргис», «Асри тиллоӣ», «Мастура Авезова», «Тоҷ» /Суғд/ ва  4 соҳибкори инфиродӣ дар вилояти Хатлон доир ба истеҳсоли либосҳои мактабӣ  фаъолияти густурда доранд.

Нисбат ба онҳо корҳои назоратӣ гузаронида шуда, риояи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ, истифодаи матоъҳои ба талабот ҷавобгӯй ва баланд бардоштани сифати либосҳои мактабӣ аз тарафи мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» бо субъектҳои хоҷагидор корҳои фаҳмондадиҳӣ ва сертификаткунонии маҳсулот амалӣ гардиданд.

Сӯҳроб Ашӯрзода афзуд, ки бо мақсади ҳимояи бозори дохилӣ аз маҳсулоти саноатии ба саломатии инсон зараровар, бахусус либосҳои кӯдаконаю мактабӣ ва баланд бардоштани талаботи сифатнокӣ ва бехатарии махсулоти воридшаванда, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015 «Дар бораи Регламенти техникии бехатарии маҳсулоти таъйиноти кӯдакон ва наврасон» қабул шудааст, ки талаботи ҳатмӣ дорад.

Ба андешаи ҳамсуҳбат,  айни замон назорати давлатӣ дар самти истеҳсол, фурӯш, нигоҳдорӣ, интиқол ва дигар талаботи бехатарии либосҳои кӯдакона,  либосҳои мактабӣ тибқи Регламенти техникии «Бехатарии  маҳсулоти таъйиноти  кӯдакон ва наврасон» амалӣ мегардад.

Мавриди зикр аст, ки аз рӯи талабот, барои ноил шудан ба сифати ягонаю ҷавобгӯ ба талаботи Регламенти техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ барои  истеҳсоли ин матоъҳо  (матои омехтаи 60-70% аз нахи табиӣ ва 30-40% аз нахи синтетикӣ иборат)  хати технологии махсус лозим аст.

Ҳамзамон дар раванди вохӯриҳо мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» бо  роҳбарият ва мутахассисони корхонаҳои истеҳсолӣ нисбат ба муқаррароти Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бехатарии маҳсулоти таъйиноти кӯдакон ва наврасон» оид ба меъёри ҳамроҳсозии иҷозатдодашудаи  нахҳо ва риштаҳои синтетикӣ дар маҳсулоти нассоҷии либоси мактабии ҳамаи гурӯҳҳои синнусолӣ  дар молҳои навъи маҳсулоти куртаворӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд.

Мавриди зикр аст, ки алҳол дар шаҳри Душанбе  барои дӯхтани либоси ягонаи мактабӣ «ИИ «Насоҷии Тоҷик» ва «Ёқут-2000» машғул мебошанд. Дар «ИИ Нассоҷии  Тоҷик» либоси мактабиро дар ду коргоҳи дӯзандагӣ истеҳсол мекунанд.

Ин коргоҳҳо бо дастгоҳҳои муосир таҷҳизонида шуда, ашёи хом аз матоъҳои навъҳои «Милан», «Покер», «Габардин» ва  масолеҳи ёрирасон барои дӯхтани либоси мактабӣ аз бозори дохилӣ харидорӣ мегардад. Фаъолияти густурда ва босамари корхонаҳои тавлидотии ватанӣ, хусусан корхонаҳои дӯзандагӣ, ки ба истеҳсоли либосҳои мактабӣ машғуланд, бозгӯи он аст, ки истеҳсолкунандагони ватанӣ эҳтиёҷоти дохилиро бо либосҳои хушдӯхту босифат таъмин менамоянд.

Ин дар ҳолест, ки барои ташкили истеҳсолоти воридотивазкунанда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» таҳия гаштааст, ки дар он 20 номгӯи молу маҳсулоти самтҳои ояндадори истеҳсолот интихоб шудааст.

 

Марзия САИДЗОДА,
 АМИТ «Ховар»

 

Август 25, 2018 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «АҷиБадем» ифтитоҳ гардид
Шиносоӣ аз наздик. Муштариёни шаҳри Душанбе меҳмони оператори худ шуданд
Сафири ИМА зимни мулоқот дар водии Рашт самтҳои ҳамкории дуҷонибаю имконоти рушдро баррасӣ намуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ҳамоиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад