ТОШКАНД: аксҳои суратгири маъруфи тоҷик Шӯҳратҷон Ёров тамошобинони Ӯзбекистонро ба худ ҷалб намуд
ДУШАНБЕ, 15.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 10 августи соли равон дар толори аксҳои Академияи бадеии Ӯзбекистон таҳти унвони «Кишвари азизам Тоҷикистон» намоиши аксҳои суратгири маъруфи тоҷик Шӯҳратҷон Ёров ифтитоҳ гардида, имрӯз он ба итмом мерасад.
Намоиши мазкур бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардида, дар тӯли чанд рӯз роҳбарияти Академияи мазкур, корпуси дипломатии муқими Тошканд, намояндагони воситаҳои ахбори омма, арбобони намоёни илму фарҳанги Ӯзбекистон ва сокинону меҳмонони шаҳри Тошканд аз он дидан карданд.
Тамошобинонро аксҳои табиати нотакрори Тоҷикистон, ёдгориҳои таърихии сарзамини бостонӣ, урфу анъанаҳои мардуми тоҷик, дастовардҳои имрӯзаи кишвар, инчунин ҳаёти ӯзбекзабонони Тоҷикистон ба худ ҷалб намуд.









Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






