Ваҳдат: 973 нафарро барои риоя накардани қоидаҳои мусофиркашонӣ ҷарима карданд

Август 16, 2018 15:48

ВАҲДАТ, 16.08.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Аз тарафи кормандони ШБДА ШВКД дар шаҳри Ваҳдат дар ҳафт моҳи  соли равон 15 ҳазору 147 ҳолати  вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ  ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1729 ҳолат зиёд мебошад. Дар ин бора аз  ШБДА ШВКД дар шаҳри Ваҳдат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Тибқи иттилоъ,  пас аз ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳафт моҳи соли равон 16 нафар дар ҳолати мастӣ дастгир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57 нафар кам мебошад.

Инчунин, дар ин давра 19 нафарро бе шаҳодатномаи ронандагӣ ба қайд гирифтаанд, ки нисбат ба  соли гузашта кам мебошад. Вале  1584  нафар  бо суръати баланд идора намудани воситаҳои нақлиёт, 3936 нафар барои  вайрон намудани  қоидаҳои ҳаракати роҳ аз тарафи пиёдагардон ва велосипедронҳо, 2095 нафар дар ҳолати носозии техникӣ, 805 нафар барои риоя накардани аломатҳои роҳ, 973 нафар барои риоя накардани қоидаҳои мусофиркашонӣ ва 2274 нафар барои надоштани тасмаи бехатарӣ  ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад. Ҷаримаи ҷазоҳои маъмурӣ барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ   соли равон 485 ҳазору 588 сомониро ташкил медиҳад.

Соли равон дар натиҷаи беаҳамиятии ронандагон ва бо суръати баланд идора намудани  воситаҳои нақлиётӣ дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат 40 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи он 6 нафар ба ҳалокат расида, 41 нафари дигар  бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гаштаанд. Дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 садамаи нақлиётӣ кам ба қайд гирифта шудааст.

 

 

Август 16, 2018 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад