Вазъ дар ноҳияи Фархор ором аст
ФАРХОР, 28.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ду сокини ноҳияи Фархор Ҳамрохон Саидов аз деҳаи 1-уми майи ҷамоати 20 -солагии Истиқлолият ва Давлат Сангинов аз деҳаи Марғзори ҷамоати Ғалабаи ноҳия, ки 26 августи соли равон дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳи афғон дар наздикии марз ба ҳалокат расиданд, 27 август дар зодгоҳашон ба хок супорида шуданд.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Хол аз ноҳияи Фархор хабар дод, дар маросими дафни ин нафарон раиси ноҳияи Фархор Сулаймон Вализода, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ширкат варзиданд.
Раиси ноҳия ба хонаводаҳои қурбоншудагон аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори ҳамдардӣ баён намуда, зикр кард, ки «азбаски ноҳияи Фархор дар наздикии сарҳад ҷойгир аст, гоҳ –гоҳе қочоқчиёни афғон ба хотири маводи мухаддир ва рабудани чорво сарҳадро убур карда, вазъро ноором месозанд. Мо шоҳиди чандин ҳодисаҳои ба ҳамин монанд гардидаем, ки дар муҳлати кутоҳ аз ҷониби мақомоти дахлдор бартараф карда мешаванд. Ҳоло вазъ дар ноҳияи Фархор ором аст ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои боздошти ин гурӯҳи мусаллаҳ тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд».
Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ба оилаҳои қурбоншудагон кумаки моддӣ расонида шуд.
Як сокини ноҳия Санавбар Шарифова гуфт: «Солҳост, ки дар ин ноҳияи наздисарҳадӣ умр ба сар мебарем. Борҳо садои тиру туфанги давлати ба мо ҳамсоя-Афғонистонро мешунавем. Вале ба Ҳукумату давлати Тоҷикистон ва сарҳадбонон боварӣ дорем, ки сокинони ин минтақаро аз ҳар гуна хатар нигоҳ медоранд. Имрӯзҳо ҳамкории сарҳадбонон бо аҳолӣ хело тақвият ёфтааст ва боварӣ дорем, ки ин гурӯҳи силоҳбадасти афғон дар муҳлати кутоҳ ба даст меафтанд».
Ёдовар мешавем, ки 26 августи соли равон тахминан соати 15 дар минтақаи муҳофизатии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ», ки марзи ноҳияи Фархор бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошад, гурӯҳи силоҳбадасти номаълуми афғон, иборат аз 10-12 нафар сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, ба автомашинаи давлатии тамғаи «Нива», рақами давлатиаш 975 ХВ 03 РТ, ки дар он се нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат доштанд, бо яроқҳои оташфишони АК-74, қутраш 5,45 ва 7,62, РПГ 7В ҳамла намуда, онҳоро зери оташ қарор медиҳанд.
Дар натиҷаи ҳамла ду нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони хоҷагии ҷангал Ҳамрохон Саидов ва Давлат Сангинов, ки дар асоси иҷозатномаи махсус барои ҷамъоварии хӯроки чорво машғул буданд, мутаассифона, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Мусофир Сафархон Раҳмонов ба тарафи қамишзор фирор менамояд.








Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






