Вазорати фарҳанг «Китобхони беҳтарин»-ро қадрдонӣ мекунад

Август 14, 2018 08:51

ДУШАНБЕ, 14.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокию маълумотнокии ҷавонону наврасон, рушди соҳаи китобдорӣ, ҷалби оммаи мардум ба китобу китобхона ва тарғиби тарзи ҳаёти солим Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Китобхони беҳтарин»-ро баргузор менамояд.

Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар озмун ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки узви ягон китобхона мебошанд, метавонанд иштирок намоянд.

Нафаре, ки дар озмун иштирок мекунад, бояд рӯйхати китобҳои мутолиа кардаашро бо дарҷи фикру мулоҳизаҳо ба дафтарчаи махсус ба ҳайати ҳакамон пешниҳод намояд ва дар рафти озмун беш аз 4 китобро оид ба таъриху фарҳанги Тоҷикистон мутолиа карда бошад.

Инчунин саҳми иштирокчии озмун ҷиҳати харидории адабиёти нав, обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳо, мутолиаи адабиёт дар мавзӯи Истиқлолият, сулҳу Ваҳдати миллӣ, муқаддасоти миллӣ, ҷашнҳои ниёгон, иншооти бузург ва шахсиятҳои намоёни кишвар, забону адабиёт, таъриху ҷуғрофия, соҳаҳои мухталиф ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аз шартҳои асосии озмун аст.

Дар муайян намудани ғолибони озмун донистани асарҳо аз осори классикони адабиёти тоҷику форс ва муосир дар васфи Ватан низ ба назар гирифта мешавад.

Озмун дар ду давр баргузор мегардад. Даври аввали озмун моҳҳои август — ноябр дар филиали китобхонаҳо ва даври дуюми он моҳи декабр бо иштироки ҳакамони сатҳи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар маркази минтақаҳо баргузор мегардад.

Озмун аз рӯи панҷ номгӯ ғолибонро муайян мекунад: хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ; донишҷуёни муассисаҳои миёнаи махсус; донишҷуёни донишгоҳ ва донишкадаҳои олӣ; роҳбарони хониш – намояндагони аҳли ҷомеа.

Ҷамъбасти озмун охири моҳи декабр дар толори китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ бо иштироки фаъолон, ғолибон, аҳли илму адаб, намояндагони вазоратҳои фарҳангу маориф ва ВАО баргузор мегардад.

Ғолибони озмун ва иштирокчиёни фаъол бо диплому ифтихорномаҳо ва туҳфаҳо мукофотонида мешаванд.

Август 14, 2018 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад