ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ: роҳзанҳои шабонаи Душанбе боздошт гардиданд

Август 16, 2018 08:20

ДУШАНБЕ, 16.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳи ҷавононе, ки шабона ба роҳзаниву ғоратгарӣ ва дуздии амволи шаҳрвандон машғул буданд, хабар медиҳад.

Тавре аз Вазорат ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, инҳо сокинони 23-солаи шаҳри Кӯлоб Шермуҳаммади Бозор ва Исмоил Мухторов мебошанд, ки бо ҳаммаслакони худ бо номҳои Баха, Манучеҳр ва Комрон, ки айни замон дар ҷустуҷӯӣ ҷиноятӣ қарор доранд, бо маслиҳати пешакӣ даст ба ҷинояткорӣ задаанд.

Аз ҷумла, шаби 31 июли соли равон гумонбарон дар маҳаллаи Гипрозем ба шаҳрванд Маҳмадзариф Дамиров ҳуҷум карда, дар баробари ӯро буғӣ ва зери лату кӯб қарор додан, ҳамзамон бо корд ҷабрдидаро захмӣ карда, телефони мобилиашро рабудаанд.

Гумонбарони ин ҷиноят кирдорҳои зиддиҷамъиятии худро идома дода, дар кӯчаи Борбад низ бо таҳдиди зӯроварӣ телефони мобилии шаҳрванд Абдуғаффор Давлатов, ки 1070 сомонӣ арзиш доштааст, аз они худ кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, ин гурӯҳи ҷиноятпеша дар содир намудани се амали ҷинояти дуздӣ низ гумонбар дониста мешаванд.

 

Август 16, 2018 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд