Вазорати молия: масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷа муайян гардидааст

Август 20, 2018 16:06

ДУШАНБЕ, 20.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати  зиндагии аҳолиро дар сиёсати иҷтимоии давлат яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷа муайян намудаанд. Ин нуктаро имрӯз, 20 август  муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода дар ҷамъомаде, ки дар Вазорат баргузор гардид, баён дошт.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҷамъомади мазкур бо мақсади шарҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия», ки 14 августи соли 2018 ба тасвиб расид, доир карда шуд.

Зикр гардид, ки тибқи Фармони мазкур аз 1 сентябри соли 2018 маоши вазифавии роҳбарият, кормандон ва муаллимони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои давлатии маркази рушди истеъдодҳо, маркази технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ ва муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, ҳамзамон мактабҳои президентӣ, литсейҳо, гимназияҳо, мактаб-интернатҳо, инчунин мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла кӯдакистон ва боғчаҳои кӯдакона ба андозаи 15 фоиз зиёд карда мешавад.

Ҳамзамон музди меҳнати кормандони соҳаи илм, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва соҳаҳои воқеии иқтисодиёт аз 1 сентябри соли 2018 ба андозаи 15 фоиз зиёд карда мешавад.

«Стипендияҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ бошад, ба ҳисоби миёна аз 103 сомонӣ ба 118 сомонӣ ва барои донишҷӯёни аълохон аз 181 сомонӣ ба 208 сомонӣ расонида мешавад»,-илова намуд Ҷамшед Каримзода.

Мавриди зикр аст, ки 22 декабри соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш додаанд, ки музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия аз 1 сентябри соли 2018 зиёд карда шавад.

Август 20, 2018 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад