«Занони хонашин соҳиби касбу ҳунар гардиданд»- бардошт аз нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оила
ДУШАНБЕ, 02.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Бо мақсади омода намудани ҷавонон ба бунёди оила ва танзими муносибатҳо дар он Кумита дастпарварони Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят»-ро ба курсҳои омӯзишии маърифати оиладорӣ, пешхизматӣ ва сайқал додани ҳунари кадбонуӣ ҷалб намуд», — чунин баён дошт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода.
И. Қосимзода ҳамчунин доир ба дигар паҳлӯҳои фаъолияти Кумитаи мазкур дар шашмоҳаи аввали соли 2018 ҳисобот дода, аз ҷумла, зикр кард, ки бо мақcади татбиқи босамари қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Низомномаи комиссияҳои ҷамъиятии кумитаро таҳия ва тасдиқ намуда, ҷиҳати баланд бардоштани таълиму тарбия дар муҳити хонавода, мактаб ва ҷомеа, инчунин ҷиҳати пурзӯр намудани он дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот тадбирҳои зарурӣ меандешад.
«Кумита бо мақсади ҳавасмандгаронии донишҷӯдухтарони лаёқатманд ва аълохони донишгоҳҳо ва донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар соли хониши 2018 20 нафар ҷавондухтаронро бо идрорпулии кумита ба маблағи 1000 сомонӣ барои як соли хониш таъмин намуд. Дар ин давра дар ҳамкорӣ бо масъулини Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ занону духтарони хонашин ба омӯзиши касбу ҳунарҳои гуногун ҷалб гардиданд, ки баъди ҷамъбасти курсҳои кӯтоҳмуддат онҳо бо ҷойҳои кор таъмин мегарданд», — афзуд номбурда.








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






