«ЗИ ҶӮЕ, КИ ХӮРДӢ АЗ ОН ОБИ ПОК…». Ба таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат расонида мешавад!

Август 22, 2018 17:22

ДУШАНБЕ, 22.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Чандест,  ки  бемасъулиятии чанд нафар  соҳибкорон аз деҳаи «Баҳор»-и  шаҳри Ваҳдат  ҳамдеҳагонашонро ба ташвиш овардааст. Ин соҳибкорон, ки  ба қассобӣ машғуланд,  баъди забҳи чорво  партови онро ба соҳили дарёи Кофарниҳон бурда мепартоянд. Бӯйи ғализи  ин партовгоҳи соҳили дарё ба атроф  паҳн гашта,  онро  ба макони магас ва дигар ҳашароти зараррасон  табдил додааст. Баробари шунидани номи  деҳаи «Баҳор»  пеши назар  манзараҳои хушу гуворо ҷилвагар мешавад. Аммо дар   деҳаи «Баҳор»-и шаҳри Ваҳдат  мо баръакси ҳолро дидем.

Ҳангоме, ки хабарнигор ва суратгири АМИТ «Ховар» аз ин мавзеъ дидан  намуданд,  каме дуртар аз ин макон кӯдакон  дар дарёи Кофарниҳон ба оббозӣ машғул буданд.

Мо ба ин кӯдакон фаҳмонидем, ки оббозӣ кардан дар ин мавзеъ барояшон хатарнок аст, зеро  он метавонад сабаби ба ҳар гуна  бемории сироятӣ гирифтор гардидани онҳо гардад.  Аммо  бачаҳо дар ин ҳавои гарми тобистон  фақат оббозӣ карданашонро медонистанду халос. Онҳо ба сӯи мо бо  табассум нигоҳ карданду оббозии худро идома доданд. Яъне  на парвои партовгоҳ доштанду на аз бемор шудан.

Аммо онҳое, ки дар ин бора бояд ҷиддан  андеша созанд ва онро пешгирӣ намоянд,  чаро ба чунин фориғболӣ роҳ додаанд?

Воқеан ҳам,  кӣ кафолат дода метавонад, ки ин партовгоҳ сабаби  сар  назадани бемориҳои сироятӣ намегардад  ва ин кӯдакон ба онҳо гирифтор намешаванд?  Ҳатто чанд  дақиқае, ки мо он ҷо қарор доштем, аз бӯйи ғализи он сарамон ба дард омада, худамонро ноҷӯр ҳис кардем. Наход   дидани   чунин манзараи ҳузнангез  дар соҳили дарё  масъулинро ба андеша водор намесозад?  Чаро онҳо онро нодида мегиранд? Наход ягон илоҷи дигари  нест кардани ин  партовҳо  вуҷуд надошта бошад?

Бар замми ин магар ин соҳибкорон ва масъулин   байти  машҳури мардумиро фаромӯш кардаанд, ки   дар он чунин  омадааст:

Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,

Нашояд фикандан дар он  сангу хок.

Мо бо  мақсади  шарҳи ин масъала ва ҳамсуҳбат гардидан бо раиси маҳаллаву   ҷамоат ба суроғи онҳо рафтем. Мутаассифона, на раиси маҳалла ва на  раиси ҷамоатро   пайдо карда натавонистем.      Аз суҳбат бо чанд нафар сокинони ин деҳа фаҳмидем, ки ин соҳибкорон, ки «муаллиф»-и  ин партовгоҳ  ҳастанд,  дар «Бозори Меҳргон»-и шаҳри Душанбе дӯкони гӯшт дошта, ба тиҷорати он машғуланд.

Итминон дорем, ки  масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Ваҳдат  камбудии мавҷударо раъф сохта,  дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешанд ва аз натиҷаи  тадбирҳои андешидашуда  ба сомонаи АМИТ «Ховар»  посух ирсол менамоянд.

              Рухсораи НУР,
              Тоҳир САИД,
                 АМИТ «Ховар»

Август 22, 2018 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд