13 СЕНТЯБР-РӮЗИ МЕЛИОРАТОРОНИ ТОҶИКИСТОН. Онҳо барои шодоб намудани заминҳои бекорхобида ва беҳтар намудани ҳолати заминҳо камари ҳиммат бастаанд

Сентябрь 13, 2018 09:19

ДУШАНБЕ, 13.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш бо Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 қабул гардид. Дар доираи он дар давоми 5 сол беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 48 572 гектар заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ  ба нақша гирифта шудааст. Ин матлабро директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод РАҲМОН дар арафаи Рӯзи мелиораторон, ки ҳамасола 13 сентябр таҷлил карда мешавад, ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иброз дошт.

Ба иттилои номбурда, барномаи нав бо  маблағи умумии 51,1 млн. сомонӣ  қабул гардида, он барои таъмини амнияти озуқавории кишвар, ташкили ҷойҳои корӣ, афзун намудани иқтидори содиротӣ  ва  ҳалли  масъалаҳои  иҷтимоӣ  пешбинӣ шудааст.

Мавриди зикр аст, ки беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, ки  яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, инчунин омили асосии баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, барои иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар — таъмини амнияти озуқаворӣ ва дар ин замина, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.

Холмурод Раҳмон бо ифтихор зикр кард, ки тавассути талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, имрӯз Тоҷикистон кишвари пешбарандаи равандҳои ҷаҳонии об эътироф гаштааст, ки шаҳодати муваффақияти сиёсии кишвари мо дар ин самт мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи мелиоратсия таваҷҷуҳи хосса доранд ва бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва маблағҳои худӣ ҳолати мелиоративии заминҳо сол то сол беҳтар гардида, заминҳои  нави корам аз худ карда мешаванд.  Инчунин дар самти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва бунёди иншооти нави ирригатсионӣ корҳои зиёд ба анҷом расидаанд, ки дар он саҳми мелиораторон ниҳоят  назаррас аст.

Дар солҳои истиқлолият кормандони соҳаи мелиоратсия ҷиҳати иҷрои вазифаҳои соҳа, аз ҷумла муташаккилона гузаронидани мавсими обдиҳӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, аз худ намудани заминҳо камари ҳиммат баста, муташаккилона меҳнат намуданд.

«Аз майдони умумии заминҳои қобили обёрӣ дар кишвар (1570 ҳазор га) 757,8 ҳазор гектар заминҳои обӣ муайян карда шудаанд. Хизматрасонии об дар масоҳати 552,3 ҳазор га сурат гирифта, аз он 292,2 ҳазор гектар тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ карда мешаванд. Барои обёрӣ намудани заминҳои кишоварзӣ 29,2 ҳазор километр шабакаҳои обёрӣ, наҳрҳои магистралӣ ва 11,4 ҳазор километр заҳбуру заҳкашҳо, 7099 иншооти гидротехникӣ, 384 пойгоҳи обкашӣ бо 1482 дастгоҳи обкашӣ ва 624,67 км қубурҳои баландфишор, 531 чоҳи амудӣ, 169 дюкер, 110 акведук, 5455 нуқтаи тақсимоти об ва 3858 дидбонгоҳи гидрометрӣ хизмат мерасонанд. Барои обёрӣ намудани заминҳои доманакӯҳҳо 225 пойгоҳи обкашии силсилавӣ бо 914 дастгоҳи обкашӣ сохта шудаанд, ки обро аз 2 то 7 зина бароварда 211,6 ҳазор гектар заминҳои кишоварзиро обёрӣ менамоянд»,-гуфт директори Агентӣ.

Бо об таъмин намудани кишоварзон ва дигар истифодабарандагони об аз муҳимтарин вазифаҳои мелиораторони ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ба маълумоти номбурда, соли равон сохторҳои Агентӣ бо 47 082 нафар истифодабарандагони об дар майдони 551 651 гектар шартномаи доду гирифти об ба имзо расонида, ба онҳо дар асоси дархост ва талаботашон дар ҳаҷми 3,92 млрд.м3 бо арзиши 72,69 млн. сомонӣ об расониданд.

Ҳолати иҷтимоиву иқтисодии аксарияти навоҳии ҷумҳурӣ аз фаъолияти мунтазами пойгоҳҳои обкашӣ вобастагии калон дорад. Зеро зиёда  289,1 ҳазор гектар заминҳои обёришаванда (52 фоизи заминҳои обёришавандаи ба шартнома фаро гирифташуда)  тавассути 393 пойгоҳи обкашӣ ва 505 чоҳи амудӣ обёрӣ карда мешаванд.

Дар 8 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ бо истифодаи 1,2 млрд. кВт/ соат неруи барқ бо арзиши 74,86 млн.сомонӣ 417 адад дастгоҳҳои обкашӣ, 74 адад чоҳҳои амудӣ кор карда, зироати кишоварзиро бо об таъмин карда истоданд.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳолати 1 январи соли 2018 дар ҷумҳурӣ 757 842 гектар заминҳои обӣ, аз ҷумла  463 045 га заминҳои корами обӣ мавҷуд мебошанд.

Майдони заминҳои обии зери назорат қарордошта 694,6 ҳазор га,  91 фоиз; заминҳои шӯри таҳти банаворгирӣ қарордошта 632,0 ҳазор га (83 %) ва заминҳои бо заҳкашҳо таъмингардида 327,5 ҳазор га  (43 %)-ро  ташкил менамояд.

Тибқи маълумоти Кадастри мелиоративӣ, 556 704 га ё ин, ки 73 фоизи заминҳои обии кишоварзӣ дар ҳолати хуби мелиоративӣ, 164 124 га (21,6 фоиз) дар ҳолати қаноатбахш ва 37 014 га (4,8 фоиз) дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор доранд.

Директори Агентӣ изҳор намуд, ки айни ҳол барои паст кардани обҳои зеризаминӣ дар ҷумҳурӣ 33 пойгоҳи обкашии мелиоративӣ иборат аз 127 дастгоҳ ва 1537 чоҳи амудии мелиоративӣ ба таври доимӣ фаъолият мекунанд.

Зикр шуд, ки бо мақсади беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ давоми солҳои 1996-2017 дар доираи  се Барномаи давлатии беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии ҷумҳурӣ барои солҳои 2000-2004, солҳои 2005-2009  ва солҳои 2010-2014  дар майдони 180 804 га бо маблағи  119,69 млн. сомонӣ корҳои мелиоративӣ гузаронида, ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида шуд.

Ҳамзамон соли равон бо ин мақсад бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии 9 765 гектар замин ба маблағи 10,26 млн.сомонӣ ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1 сентябри соли 2018 аз ҷониби идораҳои  зертобеи Агентӣ корҳои мелиоративӣ  ба маблағи 5,9 млн. сомонӣ ба анҷом расонида, ҳолати  ғайриқаноатбахши мелиоративии 6 764 гектар заминҳо беҳтар карда шудааст. Дар ин самт корҳо идома доранд.

Дар даврони истиқлолият дар ҷодаи азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, ки  яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти Агентӣ мебошад, аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази сохтмони асосӣ ба маблағи 27,8 млн.сомонӣ  8123 га заминҳои нави обёришаванда дар доираи барномаҳои давлатӣ аз худ карда шудаанд. Соли равон бо маблағи 2,9 млн.сомонӣ азхудкунии майдони 380 га заминҳои нави обёришаванда ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон бар дӯши кормандони соҳа гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо мақсади коҳиш додан, пешгирӣ намудани эҳтимолияти хавфи офатҳои табиӣ  марбут ба об (сел, обхезӣ) ва бартараф намудани оқибатҳои он вогузор карда шудааст. «Соли равон бо истифода аз масолеҳи ҷудогардидаи Комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи Ҳукумати   Ҷумҳурии Тоҷикистон (195,5 тонна сӯзишвории дизелӣ, 200 тонна семент, 3 тонна арматура ва 63,1 ҳазор метри муррабаъ симтур) ба дарозии 60,83 км корҳои соҳилмустаҳкамкуниро дар мавзеъҳои осебпазир ва рахнагардидаи соҳили дарёҳо  ба роҳ мондаанд.

«Барои дастгирии соҳа дар назди Агентӣ лоиҳаҳои инвеститсионии «Обёрии заминҳои водии Данғара дар масоҳати 1750 га» (марҳилаи 3), «Таъмини шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва захираҳои обӣ» (марҳилаи 2)  ва «Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим», «Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ» ва «Соҳилмустаҳкамкунӣ, сохтмони саддҳо ва дандонасаддҳои селмуҳофизатӣ дар дарёи Панҷ ва сойи Чубекча»  бо маблағи умумии 139,99 млн. доллари ИМА татбиқ шуда истодаанд, ки барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва таъмиру барқарорсозии иншооти обёрӣ ва инфрасохтори он равона карда шудаанд. Азхудкунии маблағҳо дар ин самт аз аввали сол 10,7 млн. доллари ИМА (91 %) ва аз аввали татбиқи лоиҳаҳо  бошад азхудкунии маблағҳо 74,6 млн. доллари ИМА (53,3 %)-ро ташкил медиҳад»,-илова намуд Холмурод Раҳмон.

Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон дар интиҳои суҳбат собиқадорони меҳнат ва тамоми   кормандони соҳаро ба Рӯзи мелиораторон табрик намуда, зикр кард, ки «насли имрӯзаи мелиораторони ҷумҳурӣ корнамоиҳои мелиораторони солҳои 30-80 уми асри гузашта — фотеҳони азхудкунии заминҳои водиҳои Вахшу Ҳисор, даштҳои ташналаби Дилварзин, Ёвону Бешкентро идома дода, дар шодоб намудани заминҳои бекорхобидаи водии Данғара, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, барқарору таъмир намудани иншооти гидротехникӣ, азхуд намудани заминҳои нав ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ  саҳми назаррас гузошта истодаанд».

Сентябрь 13, 2018 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд