23 сентябр Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мегардад

Сентябрь 18, 2018 17:36

ХУҶАНД, 18.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябри соли равон дар назди Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилояти Суғд Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мегардад. Дар назар аст, ки зимни баргузории барнома  ба 40 нафар занҳои ҳунарманди шаҳри Хуҷанд  грантҳои раиси шаҳр тақдим карда шаванд.

Ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти масъулин аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, дар рӯзи таҷлили шаҳри Хуҷанд дар макони баргузории барномаҳои асосӣ хаймаи дастовардҳои соҳаҳои гуногуни шаҳр бо маҳсули ҳунарҳои миллӣ, истеҳсолоти корхонаҳои саноатӣ, бофандагӣ, қаннодӣ ва ғайра ба маърази иштирокдорону сокинони шаҳр пешкаш мегардад.

Дар ин рӯз ҳамзамон ба чанд нафар пешқадамону фаъолони соҳаҳои мухталиф унвони «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» супорида мешавад.

Барномаи калони рангини консертӣ бо иштироки санъаткорони маркази вилоят ва пойтахти кишвар низ дар назар дошта шудааст.

Бояд гуфт, ки имсол дар вилояти  Суғд бори чорум Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мегардад.

 

Сентябрь 18, 2018 17:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд