66 РӮЗИ ТАҚДИРСОЗ. То рӯзи ба истифода додани агрегати аввали НБО «Роғун» ҳамин қадар вақт монд
ДУШАНБЕ, 11.09.2018./АМИТ «Ховар»/. Дар сомонаи расмии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» соати ҳисоботи мутақобила насб карда шудааст, ки тибқи он то ба истифодадиҳии агрегати аввали НБО «Роғун» 66 рӯз мондааст.
Дар назар аст, ки агрегати нахустини НБО «Роғун» 16 ноябри соли равон, дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба истифода дода шавад. Дар ин бора оғози соли равон Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салини пас аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хабар дода буд. Ӯ иброз дошта буд, ки ба майдони сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафта, аз ҷараёни корҳо дидан кардааст ва пас аз бозгашт ба Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот пешниҳод намуда, ваъда додааст, ки агрегати якуми НБО «Роғун» 16 ноябри соли ҷорӣ ба кор дароварда хоҳад шуд.
НБО «Роғун» иншооти муҳими энергетикии Тоҷикистон буда, бунёди саривақтии он, пеш аз ҳама, дар роҳи расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат — таъмини истиқлолияти энергетикӣ нақши калидӣ хоҳад дошт.
Мавриди зикр аст, ки НБО «Роғун» бо иқтидори 3600 мегаватт ва арзиши умумии 3,4 миллиард доллари амрикоӣ бунёд хоҳад шуд, ки дар як сол зиёда аз 17 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол менамояд. Ин неругоҳ бо истеҳсоли «неруи сабз», яъне бе партовҳои зарарнок ба атмосфера ва риояи меъёрҳои муосири экологӣ яке аз беҳтарин неругоҳи барқи обӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, мувофиқи хулосаи мутахассисон ва коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ, ба манфиати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ равона шудааст.








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ — 35 СОЛИ ШУКУФОӢ БО НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН». Таҳти чунин унвон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






