Афзоиши таваҷҷуҳ ба СҲШ. Журналистон аз қароргоҳи ин созмон дидан карданд
ДУШАНБЕ, 05.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр дар шаҳри Пекин, дар қароргоҳи Созмони ҳамкории Шанхай бо журналистон ва намояндагони вазорату мақомоти назораткунандаи воситаҳои ахбори оммаи давлатҳои аъзои СҲШ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Пайрави ҚОСИМ аз шаҳри Пекин хабар дод.
Зимни мулоқот муовини Котиби генералии СҲШ А. Субакожоева дар бораи фаъолияти имрӯзаи Созмон, имкониятҳои рушди он ва натиҷаҳои ниҳоии ҳамоиши Синдао маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Инчунин оид ба корҳои анҷомдодашуда дар мавриди инъикоси фаъолияти СҲШ дар воситаҳои ахбори омма иттилоъ дода шуд.
Дар ҷараёни мулоқот меҳмонон ба саволҳои худ посух гирифта, омодагии худро барои ҳамкорӣ дар самти оммавикунонии мақсад ва ҳадафҳои СҲШ, Стратегияи рушди он то соли 2015 иброз доштанд.
Намояндагони Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Беларус пешниҳод намуданд, ки имконияти ташкили воситаи ахбори оммаи СҲШ, аз ҷумла, шабакаи телевизионӣ, радио, нашриёти электронӣ барои давлатҳои аъзои созмон омӯхта шавад.
Пас аз анҷоми мулоқот барои меҳмонон сайругашт дар қароргоҳи СҲШ роҳандозӣ карда шуд.
Дар мулоқоти мазкур намояндагон аз давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Беларус иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки вохӯрии мазкур дар доираи семинар барои намояндагони ВАО-и давлатҳои аъзои СҲШ аз ҷониби Маркази омӯзишии Раёсати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба нашр ва паҳни адабиёти бо забони хориҷӣ чопшаванда ташкил карда шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад






