Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ дар шаҳри Душанбе то соли 2020 барои ҷавонони аз 18 то 23-сола коллеҷ бунёд менамояд

Сентябрь 20, 2018 14:22

ДУШАНБЕ, 20.09.2018/АМИТ «Ховар»/. Роҳбарони Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ» дар шаҳри Душанбе нақша доранд, ки то соли 2020 барои ҷавонони аз 18 то 23 — сола коллеҷ бунёд намоянд, ки дар он шаҳрвандони ҳам Тоҷикистон ва ҳам кишварҳои хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Дар оянда онҳо метавонанд таҳсили худро ба тариқи гузариш дар коллеҷҳои кишварҳои хориҷӣ, ки бо Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ ҳамкорӣ доранд, идома диҳанд. Дар ин бора имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ  дар маросими ифтитоҳи ин муассисаи нави таълимии сатҳи ҷаҳонӣ изҳори андеша намуданд.

Ба андешаи Роҳбари давлат, таъсис ёфтани намояндагии муассисаҳои таълимии давлатҳои пешрафтаи дунё дар кишварамон ба ҷавонони болаёқати мо, яъне насли даврони истиқлолият имконият фароҳам меорад, ки ҳарчи бештар соҳиби донишҳои мукаммал ва касбу ҳунарҳои муосир гарданд.

«Наврасону ҷавонони мо, дар навбати худ бояд хуб дарк намоянд, ки барои соҳиб шудан ба донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ бисёр кӯшиш намоянд, Ватани муқаддаси худ – Тоҷикистони соҳибистиқлолро самимона дӯст доранд, рафтору кирдори намунавӣ дошта бошанд ва ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯи илму дониш саъю талош кунанд. Танҳо дар чунин сурат мо метавонем кадрҳои баландихтисос, соҳиби илму дониши замонавӣ ва ватандӯсту ояндасоз ба воя расонем ва минбаъд тақдири давлати худро ба дасти онҳо супорем»,-зикр карданд Пешвои миллат.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз фурсат ба роҳбарони дигар муассисаҳои таълимии пойтахти мамлакат таъкид намуданд, ки таҷрибаи пешбурди корҳои таълиму тарбияро, ки дар ин мактаб ва умуман муассисаҳои пешрафта ба роҳ монда шудааст, омӯзанд ва дар ҷараёни фаъолияти худ усулҳои муосири таълимро ҳарчи бештар истифода баранд.

 

Сентябрь 20, 2018 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст