АМАЛИЁТИ «БАЧАҲО»: дар таъмини бехатарӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо ба кӯдакон кумак намоед!
ДУШАНБЕ, 05.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Зимни баргузории амалиёти «Бачаҳо» дар қаламрави мамлакат аз ҷониби Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 31 августи соли равон оғоз гардид, дар ҷумҳурӣ 5 садамаи нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон ба қайд гирифта шуд.
Аз Раёсати мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки бар асари садамаи нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон 5 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Ба иттилои манбаъ, соли сипаригардида дар ҳамин давра бо иштироки кӯдакону наврасон 11 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки бар асари онҳо 2 нафар ба ҳалокат расида, 11 нафари дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Гуфта шуд, ки аз 31 август то 4 сентябри соли равон дар роҳҳои ҷумҳурӣ 15 садамаи нақлиётӣ ба амал омада, дар натиҷа 7 нафар ҳалок ва 30 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Амалиёти мазкур то 10 сентябр идома ёфта, дар ҳамин ҳол Раёсат аз муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ, дигар ташкилоту идораҳои дахлдор, падару модарон ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват кардааст, ки дар ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур фаъолият нишон дода, дар таъмини бехатарӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо ва ба бачаҳо омӯзонидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ кумак намоянд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






