АМАЛИЁТИ «ТАРТИБОТ» ДАР БАДАХШОН. Давоми 10 рӯзи охир 424 ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор гардид

Сентябрь 19, 2018 15:52

ХОРУҒ, 19.09.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  мувофиқи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят бо мақсади пешгирии ҳама гуна ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳои мошингард, риояи қоидаҳои ҳаракати  роҳ аз сӯи ронандагону пиёдагардон ва таҳияву ба танзим овардани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурии воситаҳои нақлиёт амалиёт ҷараён дорад.

Бозраси калони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии ВМКБ Хосият Гулзорхонова ба хабарнигори минтақавии «Ховар» гуфт, ки амалиёти «Тартибот» мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, зимни баргузории он ҳам аз ронандагон ва ҳам аз пиёдагардон талаб карда мешавад, ки дар асоси қонун ва кодекси мазкур амал намоянд.

Онҳое, ки аз доираи ин талабот берун мебароянд, ба муҷозот кашида мешаванд. Танҳо дар  даҳ рӯзи охир, яъне аз 8 то 18 сентябр 424 ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шуд. Аз ҷумла, 8 воситаи нақлиёти сиёҳшишаи бидуни иҷозатномаи махсус, 1 ҳолати маст идора кардани мошин, 16 ронанда бо сабаби бо суръати баланд ҳаракат намудан, 25 мошин ба иллати аз санҷиши техникӣ нагузаштан, 23 ҳолати итоат накардан ба аломатҳои роҳ ба қайд гирифта шуда, ба ҳамин минвол 344 мошини дигар  бо сабаби надоштани рақамҳои давлатӣ ва рақамҳои кишварҳои хориҷию худсохт  боздошт гардиданд.

Ба гуфтаи Хосият Гулзорхонова, давоми даҳ рӯз 19 адад воситаи нақлиёт мавриди санҷиши техникӣ қарор дода шуд ва нисбат ба 37 ронанда санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҳия гардида, ба маблағи 3 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима карда шуданд. Ба шаш нафар ронанда иҷозатномаи махсус, ки маблағи он 15 ҳазор сомониро ташкил дод, супорида шуд.

 

 

Сентябрь 19, 2018 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад