Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 37 маркази саломатӣ ба истифода медиҳад

Сентябрь 26, 2018 10:50

ДУШАНБЕ, 26.09.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Аз  тарафи Лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон оид ба «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ»  дар ноҳияҳои таҷрибавии вилоятҳои Суғду Хатлон 37 маркази саломатӣ ба истифода дода мешавад.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд,    аз тарафи Лоиҳаи номбурда    марказҳои саломатие, ки ба итифода дода мешаванд,  бо тамоми лавозимоти махсуси коргоҳӣ ва таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида хоҳанд шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳоло як қисми ин муассисаҳо мавриди истифода қарор дода шуда, сохтмони қисми дигар идома дорад. Ҳамчунин зикр карда шуд, ки муассисаҳое, ки бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ ба истифода дода мешаванд, аз ҷиҳати сифат ва муҷаҳҳаз будан бо техникаи муосири тиббӣ ҷавобгӯй ба талаботи замон буда, инчунин  аз дигар марказҳои саломатӣ бартарӣ доранд.

Бояд зикр намуд, ки чанде пеш  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода бо намояндагони  Бонки ҷаҳонӣ дар  доираи сафари навбатии  онҳо ба Тоҷикистон  вохӯрӣ намуда буд.

Дар вохӯрии мазкур тарафҳо зимни суҳбат Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ»-ро натиҷагирӣ  намудаву фаъолияти минбаъдаи ноҳияҳои таҷрибавиро дар  ин самт мавриди муҳокима қарор доданд.

Зикр карда шуд, ки фаъолияти босамари Лоиҳа имкон медиҳад, ки пас аз ба итмом расидани он низ  мутахассисони соҳа, ки аз даврҳои махсуси омӯзиши тибби оилавӣ гузаштаанд, бо дастрасӣ ба шароити арзанда тавонанд корашонро идома диҳанд.

Сентябрь 26, 2018 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд