Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти ду ташкилоти аудитории ҷумҳуриро қатъ кард

Сентябрь 21, 2018 08:50

ДУШАНБЕ, 21.09.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини суботи низоми бонкӣ ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорону қарздеҳон  фаъолияти ду ташкилоти аудитории кишварро қатъ кард. Дар ин бора  ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон  хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, Бонки миллӣ   ташкилоти ҶДММ «Аудитории Ш.Адолат»  ва ҶДММ «БМҶ Аудит»-ро аз Рӯйхати ташкилотҳои аудиторие, ки дорои ҳуқуқи гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд,  хориҷ намуд.

Бино ба иттилои манбаъ, ин ташкилотҳо  бинобар пешниҳод кардани хулосаи аудитории носаҳеҳ   қисми талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ҳангоми гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзӣ барои соли 2017 — ро риоя накардаанд.

Ҳамзамон бояд ёдовар шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо асосҳои зикршуда ҶДММ  «Грант Торнтон»-ро низ соли 2017 аз Рӯйхати мазкур хориҷ намуда буд.

Сентябрь 21, 2018 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд