Бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё байни духтарони то 16-сола дар Ҳисор оғоз меёбанд
ДУШАНБЕ, 13.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 15 сентябри соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор марҳалаи аввали бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё байни духтарони то 16-сола дар гурӯҳи «С» баргузор мегардад.
Барои гирифтани роҳхат ба бозиҳои марҳалаи дуюм панҷ дастаи мунтахаб-Тоҷикистон, Таиланд, Эрон, Сингапур ва Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ миёни ҳам рақобат мекунанд. Рақобатҳо аз 15 то 23 сентябр идома меёбанд.
Ба марҳалаи дуюми мусобиқот, ки аз 23 феврал то 3 марти соли 2019 гузаронида мешавад, аз натиҷаи бозиҳои марҳалаи аввал 8 даста-ғолибон ва соҳибони ҷои дуюм, инчунин ду дастаи беҳтарини зинаи сеюм шомил мегарданд.
Ёдрас мешавем, ки се дастаи беҳтарини Чемпионати охирини Осиё-Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ ва Япония дар бозиҳои ниҳоӣ мустақиман ширкат меварзанд. Чемпионат соли оянда дар Таиланд гузаронида хоҳад шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






