БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛИИ ВКД ТОҶИКИСТОН: ду рӯз аз баромадан бо мошини шахсӣ худдорӣ намуда, аз хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баред!

Сентябрь 26, 2018 13:40

ДУШАНБЕ, 26.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 27 ва 28 сентябри соли равон ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаҳои Аҳмади Дониш, Айнӣ, Рӯдакӣ, Бухоро, Мирзо Турсунзода, Беҳзод, Лоҳутӣ, Сомонӣ, Низомии Ганҷавӣ, Н.Ҳувайдуллоев, Карамов, Алишер Навоӣ то даромадгоҳи шаҳри Турсунзода ва аз кӯчаи Айнӣ то шаҳри Норак маҳдуд карда мешавад.

Дар ин бора аз шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар дода, афзуданд, ки мақсад аз андешидани ин тадбир дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳо дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  мебошад.

Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ва меҳмонони пойтахт хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз баромадан бо воситаҳои нақлиёти шахсиашон худдорӣ намуда, аз хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, дар ҳолатҳои зарурӣ аз кӯчаҳои ҳамшафати онҳо бо риояи талаботи «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» истифода баранд.

Ёдовар мешавем, ки маҳдуд намудани ҳаракати нақлиёт 27-28 сентябри соли равон аз соати 09:00 то анҷоми чорабинӣ давом мекунад.

 

Сентябрь 26, 2018 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад