Дар Қазоқистон ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашудаи Тоҷикистон муаррифӣ шуд

Сентябрь 19, 2018 14:40

ДУШАНБЕ, 19.09.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз, 19 сентябри соли 2018 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи 12-уми Гурӯҳи корӣ оид ба савдои Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) бо иштироки намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои аъзо ва ташкилоти байналмилалии молиявӣ баргузор гардид. Дар он тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашудаи Тоҷикистон муаррифӣ шуд.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласаи мазкур муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода иштирок намуд. Ба иттилои манбаъ, дар доираи ҷаласа масъалаҳои Стратегияи минтақавии СПЕКА доир ба содагардонии расмиёти савдо, ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи савдо барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва чораҳои ғайритарифии танзими савдо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

З. Завқизода дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи савдои байналмилалӣ, аз қабили иштироки кишвар дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, содагардонии расмиёти савдо, тақвияти рушди содирот, тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашударо муаррифӣ намуда, зикр кард, ки ҳанӯз имкониятҳои мавҷуда байни давлатҳои аъзои СПЕКА пурра истифода нашудаанд.

Инчунин дар ҷаласа бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ  вобаста ба савдо байни кишварҳои аъзои СПЕКА Стратегияи миллии СПЕКА оид ба содагардонии савдо таҳия гардида, барои мувофиқа ба ҳукуматҳои кишварҳои аъзо ирсол гардид.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир роҳбарии Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдоро ба уҳда дорад.

Сентябрь 19, 2018 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд