Дар доираи намоиш-фурӯши маҳсулоти корхонаҳои Самарқанд дар Хуҷанд беш аз 60 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Сентябрь 11, 2018 15:57

ХУҶАНД, 11.09.2018. АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Рӯзҳои вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилояти Суғд, ки 7-8 сентябр доир гардид, дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши молу маҳсулоти корхонаҳои ду вилоят гузаронида шуд. Дар интиҳои он байни 60 коргоҳи истеҳсолии вилоятҳои Суғду Самарқанд 64 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд Абдуаҳад Шарифзода, дар доираи баргузории намоишгоҳ зиёда аз 60 корхонаву ширкатҳои истеҳсолии вилояти Самарқанд ва 60 корхонаву ширкатҳои истеҳсолии вилояти Суғд маҳсулоти гуногун, аз қабили маҳсулоти соҳаи мошинсозӣ ва техникаи хоҷагии қишлоқ, сохтмон, нассоҷӣ, мебел, қолинбофӣ, чиниворӣ, дорусозӣ, хӯрокворӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти шириву гӯштӣ ва нонӣ, меваи хушк, консерва, нӯшокиҳои ташнашикан, асал ва амсоли инро ба маърази тамошо гузоштанд. Аз ҷумла, ширкатҳои бонуфузи вилояти Самарқанд, чун “Азизон маҳсулот сервис”, “Зуҳриддин бизнес”, “Барака”, “Бахт”, “Бофанда”, “Фируз кардон сервис”, “Гермес-лтс”, “Мароканд кабел инвест”, “Миронкул строй сервис” таваҷҷуҳи бештари иштирокдорони намоишгоҳро ба худ ҷалб намуд.

Зимни иштирок ва шиносоӣ бо намоишгоҳ роҳбарони ҳарду вилоят баргузории намоишгоҳи мазкурро чун майдони имкониятҳо, хосатан барои соҳибкорони тарафҳо баҳри дарёфти шарикони нав, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни ҳар ду  вилоят муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҳамзамон дар доираи баргузории Рӯзҳои вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилояти Суғд дар “Кохи Суғдиён”-и Хуҷандшаҳр Форуми соҳибкорони ҳар ду вилоят ва дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов баргузор гардид.

Ҷонибҳо аснои суҳбат аз талошҳои сарони давлатҳо – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҷиҳати барқарорсозӣ ва густариши муносибатҳо, ба имзорасии Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ёдовар шуда, доир ба тақвияти робитаҳо дар асоси Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ҳукумати вилояти Самарқанд оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва гуманитарию фарҳангӣ мубодилаи афкор намуданд.

Сентябрь 11, 2018 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд