Дар Душанбе ҷаласаи ХХХI Шӯрои машваратӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳои ИДМ ҷараён дорад

Сентябрь 21, 2018 12:08

ДУШАНБЕ, 21.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар  Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза»  ҷаласаи ХХХI  Шӯрои машваратӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳо- иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷараён дорад. Ҷаласаи мазкур дар  доираи  татбиқи Консепсияи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2018  роҳандозӣ  гардидааст.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар  медиҳад,   дар кори ҷаласа аъзои  Шӯрои машваратӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳо — иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамчунин  вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ,  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии   Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аъзои ин Шӯрои  машваратӣ  мебошанд, ширкат доранд.

Ҷаласаро  Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Сумангул Тағойзода ифтитоҳ намуд.  Тибқи Рӯзномаи ҷаласа, дар рафти он  16 масъалаҳое, ки  ба ҷанбаҳои гуногуни  ҳамкории судманди кишварҳо- иштирокчиёни Шӯрои машваратӣ марбут мебошанд,  аз ҷумла,  ҷараёни иҷрои қарорҳои  ҷаласаи ХХХ Шӯрои машваратӣ, натиҷаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ-меҳнатӣ, ҳамчунин вазъият ва тадбирҳои андешида дар ин самт,  ҳолати кор дар  самти хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ ва дурнамои рушд дар  кишварҳои аъзои ИДМ  мавриди муҳокима қарор мегиранд.

Гуфта шуд, ки  иштирокдорони ҷаласа хусусан ба масъалаҳои  иҷрои қарорҳои Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ аз 16 сентябри соли 2016 дар мавриди мутобиқкунии ИДМ ба анъанаҳои муосир ва қоидаҳои ягонаи дастрасӣ ба базаи иттилоотӣ-таҳлилии миллӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ ва муҳоҷират, имконияти ҳамгироии минбаъдаи онҳо  таваҷҷуҳи махсус зоҳир  менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаҳои Шӯрои мазкур ҳамасола дар мувофиқа бо давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ тибқи ҷадвали  тасдиқгардида аз рӯи навбат дар давлатҳои  аъзо баргузор мегарданд. Ҷаласаи имсола чорумин чорабинии Шӯрои машваратӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳо –иштирокчиёни ИДМ мебошад, ки  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор   мегардад.

Масъулин иброз доштанд, ки аз рӯи масъалаҳои муҳокимашудаи  ҷаласаи ХХХI  Шӯрои машваратӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳо- иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  қарорҳои дахлдор қабул мегарданд.

                   Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

 

Сентябрь 21, 2018 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд