Дар Душанбе ҷаласаи сенздаҳуми Шӯрои вазирони адлияи давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 14.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. 18 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сенздаҳуми Шӯрои вазирони адлияи давлатҳо — иштирокчиёни ИДМ баргузор мегардад. Ҷаласаи мазкур дар доираи татбиқи Консепсияи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2018 роҳандозӣ мегардад.
Тавре сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Қобилов зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, дар ҳошияи чорабинии мазкур 17 сентябри соли 2018 гузаронидани ҷаласаи коршиносон оид ба омода сохтани маводи ҷаласаи Шӯрои вазирони адлияи давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ ва ҷаласаи сеюми Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи пешниҳодот ҷиҳати такмилдиҳии афзори татбиқи конвенсияҳои Минск ва Кишинев дар бораи ёрӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ дар назар дошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории мазкур 16 майи соли 2016 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ва ҷаласаи дуюми он 10 октябри соли 2017 дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон баргузор гардида буданд.
«Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони адлияи давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ таҳти раёсати Раиси Шӯрои вазирони давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ – Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар он вазирони адлияи ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Федератсияи Россия иштирок мекунанд. Инчунин ба ҳайси намоянда дар Шӯро вазирони адлияи ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд», — афзуд Б. Қобилов.
Тибқи рӯзномаи маҷлис, дар ҷаласаи Шӯрои вазирони адлия масъалаҳои мубодилаи таҷрибаи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ дар самти расонидани хизматрасонии ҳуқуқӣ, танзими қонунгузории назорати ҷамъиятии фаъолияти мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар давлатҳои ИДМ, фаъолият дар самти баландбардории фарҳанг, тафаккури ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар он муболилаи афкор ва таҷриба сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои вазирони адлияи давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ «Дар бораи Шӯрои вазирони адлияи давлатҳо — иштирокчиёни ИДМ» аз 26 августи соли 2005 таъсис дода шудааст. Қарор дар бораи таъсиси Шӯро аз ҷониби панҷ давлат — ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст.
Ваколатҳои асосии Шӯро аз таҳияву таъмини татбиқи қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳо ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои ба салоҳияти вазоратҳои адлия марбутбуда, мусоидат дар баҳамназдиккунии қонунгузории давлатҳо –иштирокчиёни ИДМ ва дигар масъалаҳои ба ин соҳа марбут иборат мебошанд.
Аз лаҳзаи таъсиси Шӯро дувоздаҳ ҷаласа ташкил ва гузаронида шудааст. Аввалин ҷаласаи он 12 апрели соли 2006 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия доир гардида буд. Ҷаласаи шашуми ин Шӯро 23 сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе доир шуда буд.
Охирин ҷаласаи Шӯрои вазирони адлияи давлатҳо — иштирокчиёни ИДМ 11 октябри соли 2017 дар шаҳри Ереван баргузор гардида буд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад






