Дар Душанбе Ҷаласаи X Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 18.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 сентябри соли 2018 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо Ҷаласаи X Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он Протоколи дахлдор оид ба сохтмони бинои Парлумон ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҳайати Тоҷикистонро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва ҷониби Чинро Ёрдамчии Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Ченганг раисӣ карданд.
Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ дурнамои ҳамкории мутақобилан судманд баррасӣ гардида, ба пешбурди сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид.
Ҷонибҳо муҳимияти ба роҳ мондани ҳамкориро дар соҳаҳои энергетика, саноат, истеҳсолот, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика, сайёҳӣ, бонкдорӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ таъкид намуданд.








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






