Дар Душанбе ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Чин баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 18.09.2018/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе ҳамоиши (бизнес-форуми) доираи соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистону вилояти Циндаои Ҷумҳурии Чин баргузор мегардад.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳамоиш соати 14:00 дар меҳмонхонаи «Шератон» оғоз мешавад.
Ба иттилои манбаъ, мақсад аз баргузор намудани ҳамоиши мазкур- ин рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ ва шарикони ҳамкор, дарёфти самтҳои нави корӣ ва таҳкими робитаҳои соҳибкорони ватанӣ бо хориҷӣ мебошад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






