Дар Душанбе Форуми байналмилалии соҳибкории «Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» доир мегардад
ДУШАНБЕ, 04.09.2018/АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили чорумин солгарди «Рӯзи соҳибкорон» таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15-16 октябри соли равон дар пойтахти кишварамон- шаҳри Душанбе Форуми чоруми байналмилалии соҳибкории Душанбе -2018 зери унвони «Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» баргузор мегардад.
Ҳамоиши байналмилалӣ бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар он масъалаҳои марбут ба рушди соҳибкорию сармоягузорӣ дар кишвар матраҳ мегарданд. Форум барои муколамаи навбатӣ байни соҳибкорону сармоягузорон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рушди соҳибкории инноватсионӣ дар мамлакат, тақвияти ислоҳоти иқтисодӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ мусоидат менамояд.
Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар доираи Форуми байналмилалӣ «Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» ҳамзамон 15 октябр дар шаҳри Душанбе ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Урдун, Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Франсия, Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон ва намоишгоҳи маҳсулоти тавлидотии ватанӣ ташкил карда мешаванд.
Дар доираи Форум инчунин баргузории дуюмин ҷаласаи гурӯҳи кории доимӣ оид ба ҳамкории иқтисодиву саноатӣ байни Тоҷикистон ва Чехия, конфронси миллӣ дар мавзӯи «Ҷалби диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баҳри рушди кишвар», озмун-фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон», намоиши ҳунарҳои мардумии гирандагони гранти Президентӣ ва конфронси байналмилалии «Ташаббуси шаффофият дар соҳаи истихроҷ» дар назар аст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»








Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид






