Дар Душанбе Конфронси 3-юми байналмилалӣ оид ба назорати ҳамаҷонибаи бемории сил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Сентябрь 14, 2018 11:06

ДУШАНБЕ, 14.09.2018./АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID)  дирӯз, 13 сентябр, дар Душанбе  Конфронси 3-юми  байналмилалиро оид ба назорати  ҳамаҷонибаи бемории сил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ  доир намуданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Ибодат ДАВЛАТЗОДА хабар дод.

Конфронси мазкур дар ҳамкорӣ бо Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бо ВНМО, сил ва вараҷа, лоиҳаи “HOPE”, Институти ҷомеаи кушод, Созмони байналмилалии муҳоҷират,  созмони  “Табибони  бидуни марз” ва KNCV (Ассотсиатсияи Шоҳигарии Нидерландӣ оид ба мубориза ва пешгирии бемории сил) роҳандозӣ гардид. Кӯмак ба беморони сил ва нигоҳубини ҳамаҷонибаи онҳо – яке аз асосҳои Стратегияи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) – “Ба бемории сил хотима мебахшем” ба ҳисоб меравад, ки ҳадафи он паст кардани сатҳи фавт аз бемории сил то 95% ва кам кардани ҳолатҳои бемории сил то 90% то соли 2035 мебошад.

Ҳамасола аз ин бемории сирояткунанда, аммо табобатшаванда, дар ҷаҳон тақрибан 1,5 миллион нафар  одамон  ҳалок мешаванд. Аз ин лиҳоз бемории сил мушкилии ҷиддии соҳаи тандурустӣ боқӣ мемонад.

Дар конфронс зикр гардид, ки ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ  дар роҳи татбиқи назорати ҳамаҷонибаи бемории сил  ба муваффақиятҳои  назаррас   ноил  мегарданд, вале ба ин сайъу кӯшишҳо нигоҳ накарда,   шаклҳои ба доруҳо устувори бемории сил дар минтақа  афзоиш меёбад. Татбиқи пешгирӣ ва нигоҳубинии ҳамаҷонибаи беморони сил мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ бо ҷалби шарикон ва созмонҳои ҷамъиятӣ ба коҳиши паҳншавии бемории сил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

Конфронси мазкур силшиносони баландихтисоси ИМА, Осиёи Марказӣ ва Аврупо, сиёсатмадорон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва созмонҳои ҷамъиятии ҷумҳуриро ба ҳам овард. Мутахассисон оид ба дастовардҳо, таҷрибаҳо ва сабақҳои андӯхташуда роҷеъ ба усулҳои табобати бемории сил табодули таҷриба намуданд. Иштирокчиёни конфронс дар сессияҳои пленарӣ, дарсҳо ва вохӯриҳо барои гурӯҳҳои корӣ оид ба мавзӯъҳои назорати бемории сил, аз ҷумла ташхиси зудамали ин  беморӣ,    дорувориҳои нав ва реҷаҳои кӯтоҳмуддати табобат, сили кӯдакона, назорати сироятӣ ва ташхиси таҳлилии зиддисилӣ иштирок намуданд.

Хотиррасон менамоем, ки USAID  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Вазорати тандурустии Ӯзбекистонро дар амалинамоии барномаҳои миллиашон дар соҳаи мубориза бар зидди бемории сил тавассути татбиқи усулҳои нисбатан самараноки пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи сил байни аҳолӣ ва гурӯҳҳои осебпазир дастгирӣ менамояд. Ҳадаф аз барномаи панҷсолаи USAID дар мубориза бар зидди бемории сил —  ин коҳиш додани сатҳи паҳншавии ин беморӣ ва пешгирӣ намудани шаклҳои ба доруҳои мухталиф устувори он дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад. Барномаи USAID доираи васеъи соҳаҳои техникӣ, аз ҷумла мустаҳкам кардани иқтидори инсонӣ ва институсионалӣ дар низоми тиббӣ, беҳдошти  ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории байниидоравӣ ва баланд бардоштани дастрасӣ ба ташхис ва муолиҷаи силро фаро мегирад.

 

Сентябрь 14, 2018 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд