Дар Душанбе оид ба пешгирии ҷинояткориву авбошӣ ҷамъомад баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 25.09.2018./АМИТ «Ховар»/. Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бо иштироки роҳбарият ва масъулини Сарраёсат ва шуъбаҳои маориф, муовинони раисони ноҳияҳо, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе мулоқот доир гардид. Мақсади он таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ, муноқиша ва авбошиҳои гурӯҳӣ миёни ноболиғону ҷавонон, махсусан хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт арзёбӣ гардид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ оид ба вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии пойтахт, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии насли наврас, махсусан хонандагони муассисаҳои таълимӣ, дастовард ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаи маориф сухан карда, ҷиҳати бартарафнамоии он масъулини соҳаро вазифадор намуд.
Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Шариф Назарзода оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, тақвият бахшидани корҳо ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллӣ, таърихиву фарҳангӣ ва худшиносиву худогоҳӣ, муайян ва рафъи сабабу шароити содиршавии кирдорҳои зиддиҳуқуқии ҷавонон сухан кард.
«Ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро водор менамоянд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати илмӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқии насли наврас, тарбияи ин табақаи ояндасоз дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва пеш аз ҳама, дӯст доштани муқаддасот ва арзишҳои миллӣ тамоми қувваю воситаҳои хешро сафарбар намоем»,-гуфт Шариф Назарзода.
Дар фарҷом камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа баррасӣ гардида, ҷиҳати бартарафнамоии онҳо аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва мақомоти милитсияи пойтахт дастуру супоришҳо дода шуд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






