Дар хиёбони Н.Махсум бинобар корҳои таъмирию навсозӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд мегардад
ДУШАНБЕ, 25.09.2018/АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 27 сентябри соли равон бинобар гузаронидани корҳои таъмирию навсозии роҳ дар хиёбони Н.Махсум, аз буриши кӯчаи Ф.Муҳаммадиев то дарвозаи ғарбӣ (шоҳроҳи Ҳисор), ҳаракати дутарафаи воситаҳои нақлиёт дар қисмати рости роҳи хиёбони мазкур ба роҳ монда мешавад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бинобар гузаронидани корҳои таъмирию навсозии роҳи мазкур ба фаъолияти хатсайрҳои автобусии №8, 22, 28 ва микроавтобусҳои №42, 46, 48 ва 35 тағйироти дахлдор ворид гардида, ҳаракати онҳо тавассути кӯчаҳои ҳамшафат ба роҳ монда мешавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш менамояд, ки ҳангоми ҳаракат дар минтақаи мазкур барои таъмини бехатарии худ ва роҳгузарон, инчунин рух надодани ҳолатҳои танбашавии роҳ ба «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» риоя намоянд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






