Дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон қочоқчиён боздошт шуданд

Сентябрь 5, 2018 16:55

ДУШАНБЕ, 05.09.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Давоми як моҳ сарҳадбонони тоҷик 20 адад мошинҳои боркашеро, ки  ғайриқонунӣ ва бе ҳуҷҷатҳои зарурӣ сарҳади давлатиро убур карда, ба кашонидани моли қочоқ машғул буданд, боздошт намуданд.

Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” котиби матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод.

Ба иттилои номбурда, моҳи августи соли ҷорӣ дар минтақаҳои отрядҳои сарҳадӣ ва ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, аз ҷумла, дар минтақаҳои наздисарҳадии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ ва шаҳри Исфара чорабиниҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ доир ба пешгирии интиқоли молҳои пастсифати сохтмонӣ, молҳои ниёзи мардум ва пешгирии убури ғайриқонуни марзи давлатӣ гузаронида шуд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки ғайриқонунӣ ва бе ҳуҷҷатҳои зарурӣ, яъне чун қочоқчӣ марзи давлатиро убур карда буданд, бо мошинҳои боркаши худ дастгир карда шуданд. Дар ин муддат, мошинҳои боркаши тамғаҳои «Портер» — 11 адад, «ЗИЛ» -1 адад, «Газел»- 2 адад, 6 адад мошини боркаши тамғаи “Мерседес” боздошт гардиданд.

Ҳангоми азназаргузаронии воситаҳои нақлиёти боркаш, аз бордони мошинҳо ба миқдори 16 000 кг меваи хушки зардолу, 400 кг маҳсулоти сабзавотӣ, 1 250 кг нурии минералии навъи силитра, 1 500 (ҳазору панҷсад) адад тунукаи алюминӣ, 17 тоннаю 500 кг маводи сӯзишвории ангиштсанг, 1 000 литр маводи сӯзишвории дизелӣ, зиёда аз 15 м3 маҳсулоти сохтмонии тахта ва ғайра дарёфт ва мусодира карда шуд.

Пас аз тартиб додани ҳуҷҷатҳои зарурӣ дастгиршудагон бо мошинҳо ва борҳои дохили он ба мақомоти интизомии дахлдори вилояти Суғд супорида шуданд.

Сентябрь 5, 2018 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд