Дар масири Душанбе-Деҳнав, Душанбе-Тирмиз ва Панҷакент-Самарқанд ҳаракати автобусҳо ба роҳ монда шуд
ДУШАНБЕ, 11.09.2018/АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратии ду ҳамсоякишвар- Тоҷикистон ва Ӯзбекистон беш аз пеш густариш меёбад. Далели ин- ба роҳ мондани ҳаракати автобусҳои мусофирбар дар хатсайрҳои Тирмиз-Душанбе, Деҳнав –Душанбе ва Самарқанд –Панҷакент мебошад.
Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода иброз дошт, харакати хатсайрҳои автобусҳои мусофирбар байни шаҳрҳои Душанбе –Деҳнав, Душанбе- Тирмиз ва Панҷакент –Самарқанд дар доираи тавсеаи ҳамкории судманди ду давлати ҳамҷавор- Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва санадҳои байнидавлатии баимзорасида ба роҳ монда шуда, самараи неки сафарҳои давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба кишварҳои ҳамдигар мебошад, ки моҳи март ва августи соли равон анҷом дода шуданд.
Тибқи иттилои сарчашма, ҳаракати автобусҳо дар масири Душанбе-Тирмиз, Душанбе-Деҳнав ва Панҷакент-Самарқанд аз ҷониби ширкатҳои нақлиётии Тоҷикистон «Осиё гурӯҳ Тоҷикистон» ва Ӯзбекистон анҷом дода мешаванд.
Нархи роҳкиро дар масири Душанбе –Деҳнав, ки 107 км –ро ташкил медиҳад, 35 сомонӣ ва дар хатсайри Душанбе –Тирмиз, ки тӯли роҳ 250 км аст, 70 сомонӣ муайян шудааст. Интизор меравад, ки ҳаракати автобусҳо дар масири Душанбе –Деҳнав ҳар рӯз ва дар хатсайри Душанбе –Тирмиз ҳафтае як маротиба сурат гирад. Инчунин бо назардошти талаботи мусофирон ҳаракати автобусҳо дар ин масир афзоиш дода мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки моҳи майи соли равон байни шаҳрҳои Хуҷанд –Тошканд ҳаракати автобусҳо ба роҳ монда шуд, ки он пойтахти Ӯзбекистон- шаҳри Тошкандро бо маркази маъмурии вилояти Суғди Тоҷикистон –шаҳри Хуҷанд мепайвандад.
Ба роҳ мондани ҳаракати автобусҳои мусофирбар дар хатсайри Душанбе-Деҳнав, Душанбе –Тирмиз ва Панҷакент – Самарқанд дар ҳолест, ки моҳи августи соли равон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард. Тибқи он минбаъд аз воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрав ва автобусҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои ворид шудан ва гузариши транзитӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хироҷ ситонида намешавад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»













Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст






