Дар ноҳияи Панҷ ду коргоҳи хурди истеҳсолӣ фаъол гардид
ДУШАНБЕ, 30.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷамоати деҳоти «Озодагон»-и ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон коргоҳи қаннодӣ ва сехи коркарди пашм ба кор дароварда шуд.
Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» аз ноҳияи Панҷ иттилоъ дод. Дар маросими ифтитоҳи коргоҳҳои навбунёд роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Панҷ иштирок намуд.
«Бо ба кор даровардани коргоҳи хурди истеҳсоли қаннодӣ ва нонҳои миллӣ дар деҳаи Эмом Машрабов 18 нафар занону духтарони бекор бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд», — гуфт роҳбари Маркази фарҳангӣ-омӯзишии «Томирис» Раъногул Ҷумъаева.
«Дар коргоҳи хурди истеҳсолии коркарди пашм 15 нафар занону духтарон аз маҳсулоти маҳаллии пашм ришта мересанд ва аз риштаи ресида ҷӯробу камзӯлчаҳо ва дигар намуди либос барои кӯдакону наврасон дӯхта мешаванд. Дар баробари муҳайё шудани ҷойҳои нави корӣ барои занону духтарони бекори деҳот, коргоҳи нави коркарди пашм барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ низ мусоидат мекунад», — изҳор дошт роҳбари коргоҳи коркарди пашм Ҳавасмо Кишварова.
Мавриди зикр аст, ки коргоҳи қаннодӣ ва нонҳои миллӣ ва корхонаи хурди коркарди пашм бо ташаббусу пешниҳоди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Панҷ ва дастгирии молиявии Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар доираи барномаи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ дар минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ба истифода дода шуданд.











Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад






