Дар Осорхонаи Кӯлоб барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд барномаи фарҳангӣ доир шуд

Сентябрь 20, 2018 14:10

ДУШАНБЕ, 20.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии Кӯлоб дирӯз бо иштироки кӯдакони имконияташон маҳдуд, волидайн ва меҳмонон барномаи  фарҳангӣ- бадеӣ таҳти шиори «Мо бачаҳои насли истиқлолем» баргузор гардид.

Барномаи мазкур ба дастгирӣ  ва зиёд намудани ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти ҳифзи ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд  ва беҳтар намудани шароити онҳо  бахшида шуд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» итттилоъ доданд, барнома дар асоси нақшаи фаъолияти кории Муассисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб» дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии Миссияи Шарқ ва «Заршедабону» гузаронида шуд.

Дар ҳамоиш, ки бо иштироки васеи кӯдакони дорои имконияти маҳдуд сурат гирифт, инчунин намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Раёсати маорифи шаҳр ва дастпарварони Мактаби мусиқии шаҳри Кӯлоб ҳузур доштанд.

Ба иштирокчиёни барнома баъди тамошои осорхона дар толори он филми мустанад дар  мавзӯи «Маъюбонро эҳтиром бояд кард»  манзур гардид.

Сипас, дар саҳни Осорхонаи 2700 — солагии Кӯлоб барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва ҳозирин барномаи хотирмони фарҳангӣ пешниҳод гардид.

Зикр шуд, ки ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла, шахсони имконияташон маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати  иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Аз замони ба даст овардани Истиқлолият то имрӯз тамоми кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст.

Сентябрь 20, 2018 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд