Дар Сангвор ҷаласаи панҷуми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт баргузор гардид
САНГВОР, 20.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Сангвор бо иштироки роҳбари котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Шараф Шерализода ва раисони ноҳияҳои водии Рашту намояндагони бахши хусусӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷаласаи панҷуми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт баргузор гардид. Дар ин бора котиби Шӯрои мазкур Зафар Ҳисориев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар ҷаласаи мазкур зикр гардид, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи супоришҳои протоколии ҷаласаҳои шӯро, аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои водии Рашт, соҳибкорони минтақа ва шарикони рушд як зумра корҳои назаррас амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, тайи солҳои охир дар водӣ корхонаҳои хурди истеҳсолӣ бо фарогирии ҷойҳои нави корӣ таъсис ва бунёд гардиданд, ки аз ояндаи дурахшони минтақа дарак медиҳанд.
Ҳамчунин раисони Шӯро, намояндагони бахшҳои хусусӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои марбут ба рушди соҳибкорӣ, мушкилоти соҳа ва роҳи ҳалли онҳо дар минтақа суханронӣ ва пешниҳодҳои муфид намуданд.
Дар кори маҷлис узви Шӯрои мазкур, директори ҶДММ “Меҳрубон” Шомуддин Алиев масъалаи “Имкониятҳои рушди соҳибкории соҳаи коркарди маҳсулот дар водии Рашт”-ро ба баррасии ҷаласаи оянда пешниҳод кард, ки аз ҷониби аъзои Шӯрои машваратӣ дастгирӣ ёфт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






