Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали шаҳрии «Атласу адраси Хуҷанд — 2018» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 14.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ охири моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Фестивали шаҳрии «Атласу адраси Хуҷанд — 2018» баргузор мегардад.
Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, мақсади баргузории Фестивали шаҳрии «Атласу адраси Хуҷанд — 2018» эҳё ва тарғиби ҳунарҳои миллӣ, атласу адрасбофӣ, фарҳанги моддӣ, рушди соҳаи саноати сабук, муаррифии либосҳо аз матои табиии аз ҷиҳати экологӣ тоза, баланд бардоштани мақому завқи либоспӯшии миллӣ ва зебоипарастӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки дар доираи баргузории Фестивал барои тарғибу ташвиқи анъанаҳои фарҳанги либоси миллӣ, истеҳсоли матоъҳои атласу адрас беҳтарин либосҳои миллӣ ба намоиш гузошта мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷамъбасти фестивал беҳтарин дӯзандагони либосҳои миллии қадимӣ, кӯдакона, расмӣ, идона, миллии арӯсию домодӣ бо назардошти зебоӣ, нотакрорӣ, ғайримуқаррарӣ, обуранг, истифодаи ҳунарҳои гулдӯзии дастӣ, қуроқдӯзӣ, интихоби ашёҳои ороишӣ, пардоз ва ғайра бо мукофотҳо сарфароз гардонида мешаванд.








БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






