Дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон мавсими театрӣ ба солгарди зодрӯзи Фаррухи Қосим бахшида шуд

Сентябрь 18, 2018 12:30

ДУШАНБЕ, 18.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 17 сентябр бо иштироки роҳбарони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳли фарҳангу ҳунар ва тамошобинон дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов ё худ театри Аҳорун мавсими театрӣ оғоз шуд. Оғози мавсими театрӣ ба  солгарди зодрӯзи Фаррухи Қосим- бунёдгузори театри Аҳорун бахшида шуд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсидин Орумбекзода оғози мавсими театриро ҳамроҳ бо солгарди зодрӯзи Фаррухи Қосим ба аҳли театр ва тамошобинон табрик гуфта, онро фоли нек донист.

Ба гуфтаи Орумбекзода, дар ин рӯз ёдоварӣ аз шахсияти саҳна, ҳунарманди варзида, бунёдгузори театри Аҳорун  – Фаррухи Қосим воқеаи фараҳбахш аст. Зеро Фаррухи Қосим фарде буд, ки тамоми ҳастиашро ба саҳна ва тамошобин бахшида буд.

Вай аз тамошобинон даъват мекард, ки ба театр эҳтиром дошта бошанд, то ҳунармандон тавонанд беҳтарин намоишҳоро барои онҳо таҳия кунанд.

Директори Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон Сабоҳат Қосимова аҳли ҳунар ва тамошобинонро бо маросими оғози мавсими театрӣ табрик гуфта,  ибрози хушҳолӣ кард, ки ҳунармандони театри мазкур ба мавсими нав омодагии ҷиддӣ гирифта, бо намоишҳои ҷолибу диданӣ хотири тамошобинонро болида хоҳанд кард.

Маросими мавсими театрӣ бо монологи Фаррухи Қосим-“Шоҳи саҳна” дар иҷрои Сабоҳат Қосимова ва намоиши «Ватандорӣ» дар таҳияи Фирдавси Қосим оғоз гардид.

Театри давлатии таҷрибавии тамошобини ҷавон 1 январи соли 1990 дар назди ҳукумати шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. Роҳбари бадеии он ҳунарпеша ва коргардон Фаррухи Қосим буд. Аз соли 2010 ин вазифаро ҳунарпеша Сабоҳат Қосимова ба уҳда дорад. Соли 2014 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои собиқ кинотеатри ба номи Горкийи шаҳри Душанбе пас аз навсозии куллӣ дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳоло он номи Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимовро дорад.

Нахустин намоиши «Аҳорун» «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон» аз рӯйи ашъори Ҷалолиддини Балхӣ, Шайх Аттор, Ҳофизи Шерозӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ соли 1991 таҳия шуд, ки аз ҳар лиҳоз навгонӣ дар театри тоҷик буд. Намоишҳои дигари «Аҳорун» — «Исфандиёр», «Шоҳ Фаридун» (ҳар ду аз рӯйи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, 1992, 1997) — «Даҷҷол» (1994) — «Шайх Санъон» (1996) — «Қиссаи ишқ» (2000) «Шоҳ Лир» (2003) — «Зардушт» (2006) — «Раъно» (2007) — «Дило, назди касе биншин …» (2008) низ аз ҷониби Фаррухи Қосим дар асоси назми классикии форс-тоҷик эҷод шудаанд.

 

Сентябрь 18, 2018 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «АҷиБадем» ифтитоҳ гардид
Шиносоӣ аз наздик. Муштариёни шаҳри Душанбе меҳмони оператори худ шуданд
Сафири ИМА зимни мулоқот дар водии Рашт самтҳои ҳамкории дуҷонибаю имконоти рушдро баррасӣ намуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ҳамоиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд