Дар Тошканд Форуми 8-уми солонаи савдо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Сентябрь 19, 2018 11:30

ДУШАНБЕ, 19.09.2018./АМИТ «Ховар»/.   Дар маркази «Узэкспосентр» дар шаҳри Тошканд 17-18 октябр  Форуми 8-уми солонаи савдо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ   баргузор мегардад, ки дар он соҳибкорони Тоҷикистон низ ширкат меварзанд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, Форуми савдои кишварҳои Осиёи Марказӣ (CATF), ки аз  ҷониби  Вазорати савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар якҷоягӣ бо Агентии рушди байналмилалии ИМА (USAID)  роҳандозӣ мегардад,  майдони беназирро барои соҳибкорон  ҷиҳати ошноӣ бо имкониятҳои нав дар бозорҳои рӯ ба тараққии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дорои беш аз 70 миллион мизоҷони эҳтимолӣ мебошанд, фароҳам меоварад.

Форуми соли гузашта дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон беш аз 1100 нафар иштирокчиро аз 18 кишвари ҷаҳон  ҷамъ оварда, соҳибкорони Тоҷикистон дар он тавонистанд шартномаҳоро ба маблағи беш аз 650 ҳазор доллари ИМА барои савдои оянда имзо кунанд. Аз замони аввалин форуми CATF дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар соли 2011, соҳибкорон, роҳбарони мақомоти давлатӣ ва коршиносони соҳаи саноат аз кишварҳои Осиё, ИМА, Аврупо ва Ховари Миёна чорабинии мазкурро ҳамчун  имконияти хуб   ҷиҳати табодули афкор, бастани шартномаҳо ва пайдо кардани шарикони нав барои ҳамкориҳои оянда истифода мебаранд.

Мавзӯи форуми имсола «Уфуқҳои нав дар пешрафти савдо ва сармоягузорӣ» унвон шуда, он таҷассумгари бештар боз будани Осиёи Марказӣ ба савдои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла дар Ӯзбекистон мебошад, чун ин кишвар як силсила иқдомҳоро аз либерализатсияи сиёсати асъор то ислоҳот дар соҳаи соҳибкорӣ пеш гирифтааст. Дар баробари Форум, намоишгоҳи савдо низ баргузор хоҳад гашт, ки дар он молу маҳсулоти гуногун,    аз ҷумла аз соҳаи нақлиёт, саёҳат ва туризм, фановарии иттилоотӣ, истеҳсоли таҷҳизот, истеҳсоли маҳсулоти боғдорӣ ва коркарди он ба намоиш гузошта мешаванд.

Форуми савдои кишварҳои Осиёи Марказӣ (CATF)   ба пешрафти содирот ва таъмини шуғли аҳолӣ дар соҳаи истеҳсолоти маҳсулоти боғдорӣ, инчунин тақвияти фаъолияти хадамоти соҳаҳои саёҳат ва туризм, нақлиёт ва логистика дар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд. Тавассути  ин лоиҳа ширкатҳо дар минтақа бештар рақобатпазир мегарданд ва бо бартараф кардани монеаҳои байнисарҳадӣ барои савдо барии  ташаккул ёфтани бахши хусусии мухталиф ва рақобатпазир, инчунин афзоиши содирот  шароити мусоид фароҳам меояд.

Барои сабти ном ва маълумоти бештар дар бораи Форуми савдои Осиёи Марказӣ 2018, лутфан аз сомонаи www.catradeforum.org дидан кунед.

 

Сентябрь 19, 2018 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав ҷамъоварии пахта оғоз гардид