Дастаи мунтахаби то 21-солаи Тоҷикистон ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё -2020 омодагӣ мебинад

Сентябрь 11, 2018 11:15

ДУШАНБЕ, 11.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби то 21-солаи Тоҷикистон оид ба футбол  дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар Чин ба анҷом расид, бо ду мусовӣ ва як бохт зинаи сеюмро соҳиб гардид. Ин вохӯриҳо яке аз марҳалаҳои аввали тайёрӣ ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё -2020 ба ҳисоб мераванд.

Сармураббиии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол Мубин Эргашев, ки имсол дастаро ба бозиҳои финалии Чемпионати Осиё мебарад, дар Чин якбора ҳамаи номзадҳо ба дастаи мунтахабро аз назар гузаронида, дар силсилаи ин вохӯриҳо малакаю маҳорати онҳоро боз ҳам такмил дод.

Дар бозии охирини худ футболбозони мамлакат бо дастаи мунтахаби Миянмар қувва санҷида, онро бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом доданд. Агар Эҳсони Панҷшанбе зарбаи пеналтиро дар дақиқаи 42-юм ба нишон мерасонид, он гоҳ мубориза барои ҷои дуюм пурзӯртар мегардид.

Ба ҳамин тартиб, футболбозони дастаи мунтахаби то 21-солаи Тоҷикистон аз 4 то 8 сентябр дар кишвари Чин бо дастаи мунтахаби Ӯзбекиситон (0:1) ва Чин (1:1) боз ду вохӯрии дигар анҷом дода, ба Тоҷикистон баргаштанд. Аҷиб он буд, ки дар вохӯрӣ бо мизбонони мусобиқа-дастаи мнутахаби Чин аз сабаби борони сахт дастаҳо  ҳамагӣ 77 дақиқа бозӣ карданд ва он анҷомёфта ҳисобида шуд.

Бозии байналмилалӣ дар Чин

Даври 1

Ӯзбекистон (U-21) – Тоҷикистон (U-21) – 1:0

Чин (U-21) – Мянма (U-21) – 1:0

Даври 2

Тоҷикистон (U-21) – Чин (U-21) – 1:1

Муаллифи гол аз дастаи Тоҷикистон: Муҳаммадҷон Раҳимов.

Мянма (U-21) – Ӯзбекистон (U-21) – 0:2

Даври 3

Тоҷикистон (U-21) – Мянма (U-21) – 0:0

Пеналтиро ба нишон нарасонд: Эҳсони Панҷшанбе (Тоҷикистон), 42 – дарвозабон.

Чин (U-21) – Ӯзбекистон (U-21) – 1:1

 

    Б Ғ М Б Т/т И
1 Ӯзбекистон (U-21) 3 2 1 0 4-1 7
2 Чин (U-21) 3 1 2 0 3-2 5
3 Тоҷикистон (U-21) 3 0 2 1 1-2 2
4 Мянма (U-21) 3 0 1 2 0-3 1

 

 

 

 

 

Сентябрь 11, 2018 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд