Директори Бюрои минтақавӣ ва намояндагии ЮНЕСКО аз мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон дидан намуд
ДУШАНБЕ, 29.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 то 28 сентябри соли 2018 директори Бюрои минтақавӣ ва намояндагии ЮНЕСКО дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон Криста Пиккат бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни сафари корӣ хонум Криста Пиккат аз ёдгориҳои таърихии воқеъ дар Тоҷикистон, ки ба рӯйхати қаблии Ёдгориҳои таърихии ЮНЕСКО ворид шудаанд, аз ҷумла, маъбади буддоии Аҷинатеппа, шаҳри асримиёнагии Ҳулбук ва Мақбараи Хоҷа Машҳад дидан намуд.
Ҳадафи сафар омодагӣ ба лоиҳаи ЮНЕСКО «Пешбурди фаъолияти гузаргоҳи Роҳи абрешим дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Эрон дар доираи равияи байналмилалии Соли мероси фарҳангӣ бо маблағгузори Иттиҳоди Аврупо» буд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни сафари мазкур Криста Пиккатро кормандони Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара ва Осорхонаи ноҳияи Қубодиён истиқбол гирифта, ӯро бо нигораҳои осорхона шинос намуданд. Инчунин дар назди Қасри фарҳанги ноҳияи Қубодиён намоиши осори ҳунарҳои мардумӣ таҳия гардида буд, ки аз ҷониби меҳмонон баҳои баланд гирифт.
Директори бюрои минтақавӣ ва намояндагии ЮНЕСКО дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон Криста Пиккатро зимни сафари корӣ сардори шуъбаи ҳифзи ёдгориҳои таърихии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷаев ҳамроҳӣ намуд.








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад






