ДОНИШ ТАЛАБУ БУЗУРГӢ ОМӮЗ! Дарси сулҳ ба дили толибилмон меҳри ватандориву ваҳдатро шӯълавар мегардонад

Сентябрь 1, 2018 10:43

ДУШАНБЕ, 01.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи дониш дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ занги аввал садо медиҳад. Ҳамасола чун анъана дар ин рӯз дар тамоми муассисаҳои таҳсилотӣ ҷамъомади идона баргузор шуда, рӯзи нахустини соли нави  дониш  бо Дарси сулҳ оғоз меёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша иброз медоранд: «Дар кишвари мо Рӯзи дониш баробари Дарси сулҳ арзиши баланд дошта, шогирдони муассисаҳои таълимӣ ва волидайну омӯзгорони онҳо ин санаи фархундаро бо шодиву хурсандӣ истиқбол менамоянд».

Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  имсол занги аввал барои 240 ҳазор нафар хонандагони синфи як садо медиҳад.  Бори  аввал ин хурдтаракон қадамҳои нахустини худро ба ин даргоҳи илму маърифат гузошта, ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Тавре дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» муовини директор оид ба корҳои тарбиявии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Назмия Қулматова изҳор дошт,  «ҳамасола дар муассисаи онҳо Рӯзи дониш  бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.  Имсол ба муассиса   130 нафар хонандагони синфи як қабул гардидаанд, ки занги аввал барои онҳо бори нахуст   садо медиҳад.  Дар ин рӯз  ба ҳамаи омӯзгорон,  хусусан роҳбарони синф  супориш шудааст, ки дарси аввалро аз калимаи Сулҳ оғоз кунанд. Ба толибилмон аҳамияти сулҳ, нақши калидии он дар ҷаҳони муосир, мақому манзалати сулҳу субот барои халқи мо ва арҷ гузоштан ба ин неъмати бебаҳоро фаҳмонанд», — зикр намуд Н.Қулматова.

Ба андешаи омӯзгори  Коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгории шаҳри Душанбе  Озодамоҳ Қодирова, «рӯзи аввали донишро аз Дарси сулҳ оғоз кардан ба он хотир аст, ки   омӯзгорон ба толибилмони худ дар ин дарс оид ба волотарин арзиши миллӣ-Истиқлолияти давлатӣ  сухан гуфта, ба ин васила аз рӯзи аввал ба дили онҳо меҳри ватандориву ваҳдатро шӯълавар  мегардонанд.

Дарси сулҳ ин  дарси ошноист,    дарси омӯхтани муносибатҳои хубест,   ки ҷавонони моро  ба  ҳадафҳои неки инсонӣ мерасонад.  Сулҳ мафҳуми бузургест, ки    ифодакунандаи амният, осоиштагй, озодӣ, истиқлолият ва нишонаи ободию зиндагии ороми давлату миллат мебошад. Сулҳ таҷассумгари шодиву нишот, ҳамдигарфаҳмӣ, озодихоҳиву ватандӯстист».

Бояд гуфт, ки ҳамасола дар ин рӯз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо устодону донишҷӯён ва толибилмони ҳамаи муассисаҳои таълимӣ вохӯрӣ баргузор менамоянд. Имсол вохӯрии  Сарвари давлат дар Рӯзи дониш  дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино баргузор мегардад.

Тавре аз  Вазорати маориф ва илм иттилоъ доданд,  дар маҷмӯъ, дар ҷумҳурӣ 3 ҳазору 870 мактаб фаъолият мекунад, ки дар онҳо 1 млн. 906 ҳазору 304 нафар хонандагон таҳсил менамоянд. То охири соли 2018 дар назар аст, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ 148 муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимӣ барои 34 ҳазору 487 ҷои нишаст ба истифода дода шавад.

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,

АМИТ «Ховар»

Сентябрь 1, 2018 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад