Дорандагони медалҳои нуқраи Бозиҳои осиёӣ- Умед Ҳасанбеков ва Шаҳриёр Даминов ба Ватан баргаштанд

Сентябрь 5, 2018 12:10

ДУШАНБЕ, 05.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шаби 5 сентябр охирин гурӯҳи варзишгарони тоҷик – иштирокчиёни
Бозиҳои Осиё-2018 ба Ватан баргаштанд.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, миёни варзишгарон, аз ҷумла, барандагони медалҳои нуқраи бозиҳо варзишгарони маъруфи тоҷик Шаҳриёр Даминов ва Умед Ҳасанбеков низ буданд.

Шаҳриёр дар мусобиқаи қаиқронӣ дар байдаркаи якнафара дар масофаи 1000 метр, Умед дар мусобиқаи самбо, вазни -90 кг дар Бозиҳои 18-умини Осиё, ки аз 18 август то 2 сентябр дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор шуданд, сазовори медали нуқра гардиданд.
Варзишгарон зимни суҳбат барои дастгирӣ ва муҳайё кардани шароити тамрин ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос карда, гуфтанд, ки барои муаррифии кишвар дар сатҳи ҷаҳон боз ҳам талош мекунанд.
Бояд зикр кард, ки Умед Ҳасанбеков акнун ба Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки 9-11 ноябри соли равон дар шаҳри Бухарести Руминия баргузор мегардад, омодагӣ мебинад.

Шаҳриёр Даминов барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 талош мекунад.

Сентябрь 5, 2018 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд