Довталабон Тоҷикистонро дар 30-юмин Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ (30th IOI 2018) муаррифӣ намуданд

Сентябрь 8, 2018 10:19

ДУШАНБЕ, 08.09.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Аз 1  то 8  сентябри соли равон  дар шаҳри Сукубаи давлати Япония 30-юмин Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ (30th IOI 2018) баргузор гардид.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар он 350 нафар довталаб аз 87 давлати дунё иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро 4 нафар- Фарҳод Ҳакимиён,  хонандаи Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе, Давлатхоҷа Магзумов, хонандаи Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ»  дар шаҳри Душанбе, Акмал Мамадшоев ва Хусрав Ашурзода,  хонандагони Литсей-интернати тоҷикӣ-русӣ «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Душанбе муаррифӣ намуданд.

Дар ҷамъбасти олимпиада Фарҳод Ҳакимиён  аз Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи дуюм (медали нуқра) гардида, шарафи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт.

 

Сентябрь 8, 2018 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд