ДӮСТӢ БИМОНАД ҶОВИДОН! Дар Душанбе 25-умин солгарди баимзорасии Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҷашн гирифта мешавад
ДУШАНБЕ, 17.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе Намоишгоҳи таърихию гуманитарӣ вобаста ба 25-умин солгарди баимзорасии «Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия» баргузор мегардад. Ҳайати Гурӯҳи корӣ оид ба баргузор кардани ин Намоишгоҳ аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ба тасвиб расидааст. Роҳбарии Гурӯҳро, ки ба он роҳбарон ва намояндагони масъули вазорату идораҳои дахлдор шомиланд, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода бар уҳда дорад.
Имрӯз дар назди Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷаласаи Гурӯҳи корӣ доир шуд, ки дар он дар робита ба тадбирҳои асосии Намоишгоҳи таърихию гуманитарӣ вобаста ба 25-умин солгарди баимзорасии «Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кӯмаки мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия», ки дар толорҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, ба вазоратҳои корҳои хориҷӣ, фарҳанг, маориф ва илм, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Осорхонаи миллӣ, Кумитаи телевизион ва радио, Саридораи бойгонии назди Ҳукумати ҶТ ва Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Ҳамзамон Гуруҳи корӣ ҷиҳати омодасозӣ ва дар сатҳи баланд доир кардани 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров муваззаф гардид. Қарор аст, ки дар ин чорабиниҳои сатҳи баланд 274 нафар меҳмонон, аз ҷумла аз Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Россия (собиқ АИ СССР, ки академик Б. Ғафуров роҳбари он буд) ширкат намуда, дар ҷараёни онҳо рӯнамоии китоби тозанашр бо пешгуфтори Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти ФР Владимир Путин баргузор карда мешавад.
Хотиррасон менамоем, ки Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия моҳи майи соли 1993 аз ҷониби сарони ҳарду давлат ба имзо расидааст.








Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд






