«ЭЛОК-2015»: дар ноҳияи Файзобод нахустин корхонаи коркарди шир ба фаъолият оғоз кард
ДУШАНБЕ, 05.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Рустам Назриев дар ноҳияи Файзобод нахустин корхонаи коркарди шир ба фаъолият оғоз кард. Инак, маҳсулоти корхонаи ҶДММ «ЭЛОК-2015» чанд рӯз боз рафҳои мағозаву дастурхони мардумро пур кардааст. Зеро он аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, мувофиқ ба талаботи муосир истеҳсол мешавад.
Тавре соҳибкор Рустам Назриев дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ иброз намуд, «чанд сол пеш дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод нуқтаи қабули шир бунёд карда будам. Имсол бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар маркази ноҳия боз як корхонаи коркарди шир таъсис додам. Дар арафаи 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширии турш-қурути Файзобод ба роҳ монда мешавад».
Зикр шуд, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳи коркарди шир дар як шабонарӯз то 2 тонна ва дар як моҳ то 60 тонна маҳсулотро ташкил медиҳад. ҶДММ «ЭЛОК-2015» ҳафт намуд маҳсулоти ширӣ, аз қабили қаймоқ, ҷурғот, сметана, кефир, творог, чака ва дуғ истеҳсол мекунад.
Сифати тамоми маҳсулоти ширӣ дар озмоишгоҳ санҷида шуда, он дар сардхона нигоҳ дошта мешавад. Соҳибкор мақсад дорад, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин барои коркарди 8-10 тонна шир таҷҳизоти замонавӣ ворид карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзун намояд.
Ба андешаи масъулин, имкони дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бунёди чунин корхонаҳои шир муҳайёст. Зеро шири дар як шабонарӯз истеҳсол мекардаи чорводорони ноҳия 38 тоннаро ташкил медиҳад. Ин омил агар аз як тараф сокинони ноҳияро бо маҳсулоти ширӣ таъмин кунад, аз ҷониби дигар имкон медиҳад, ки нафарони зиёд соҳиби ҷойи кор гарданд.
Роҳбарияти корхона азм дорад, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ коргоҳи истеҳсоли панир ва яхмоси Файзободро низ ба кор дарорад. Дар ҳолати пурра ба кор даромадани коргоҳҳои ин корхона беш аз 50 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.









Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






